Як гурӯҳ бонувон, ки журналист, сароянда, кинопродюссер ва намояндагони касбҳои дигар мебошанд, бо киштии кайҳонӣ ба кайҳон парвоз карданд.
Ба ҳайати экипажи киштии кайҳонӣ сарояндаи машҳур Кэти Перри, журналистка Лорен Санчез, кинопродюсер Кериэнн Флинн, ровии телевизион Гэйл Кинг, фаъоли иҷтимоӣ Аманда Нгуен ва муҳандис- кайҳоншинос Оиша Бовэ ворид гаштаанд.
Тавре ВВС хабар додааст, бонувон бо киштии кайҳонии New Shepard ба кайҳон парвоз намудаанд, ки ба асосгузори Amazon Ҷефф Безос ва ширкати Blue Origin тааллуқ дорад. Безос ба хотири арӯсаш Лорен Санчес боз ба 5 бонуи муваффақи дигар имкон додааст, ки ба кайҳон парвоз намоянд.
Парвози гурӯҳи 6-нафараи бонувон ба кайҳон соати 8-и субҳи 14-уми апрел сурат гирифта, ҳамагӣ 11 дақиқа идома ёфтааст, вале ин як ҳодисаи бузург ба ҳисоб меравад, зеро баъди Валентина Терешкова, ки дар асри гузашта, соли 1963 ба кайҳон парвоз намуда буд, ин дуюмин парвози занон ба кайҳон мебошад.