Commerc banl
Бонувони ВКД дар мусобиқаи волейболбозӣ сазовори “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” гаштанд
11.03.2026
Оила
53

Бонувони ВКД дар мусобиқаи волейболбозӣ сазовори “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” гаштанд

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гашт.

Дар байни занону духтарони ғайрикасбӣ дастаи Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷойи аввал гашта, Ҷоми раиси шаҳри Душанберо ба даст оварданд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм, дастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм ва дастаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи чорум гаштаанд.

Мусобиқаи мазкур дар мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе баргузор гашта, дар он 40 даста бо фарогирии 600 нафар занону духтарони вазорату кумита, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои духтаронаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар байни дастаҳои касбӣ дастаи занонаи волейболи шаҳри Душанбе-1 ҷойи якум, дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи дуюм, вилояти Суғд ҷойи сеюм ва дастаи Душанбе-2 ҷойи чорумро сазовор гардидаанд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, медал, Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. Инчунин дастаҳое, ки дар ин мусобиқа иштироки фаъолона намуданд, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД