goodwell
Бонуе, ки мақоми баланди омӯзгорӣ дорад
28.05.2026
Oila.tj
144

Бо шарофати сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи бонувон миёни ҷомеа рӯз аз рӯз баланд шуда истодааст. Занҳо ҳуқуқ ба таҳсил, кор ва зиндагии мустақилона доранд. Онҳо имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омӯзгорӣ, тиб, тиҷорат ва ҳатто касбҳое, ки пеш танҳо мардон кор мекарданд, мисли ҳуқуқшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва ғайра кору фаъолият мекунанд.

Намунаи барҷастаи чунин занони фаъолу соҳибмақом муаллимаи азизи мо Саидова Файзимо аст, ки солҳо боз ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад.

Саидова Файзимо 22-юми марти соли 1960 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №13-и шаҳри Душанберо хатм намуда, баъд аз гирифтани маълумоти миёна соли 1977 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, факултаи физика ва математика супоридааст. Соли 1982 донишгоҳро бо муваффақият хатм намуда, аз ҳамон сол фаъолияти омӯзгории худро оғоз кардааст.

Муаллимаи мо аз соли 1982 то имрӯз дар муассисаи таълимӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, тамоми умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Бо меҳнати софдилона ва фаъолияти пурсамар соҳиби нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” гардидааст. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати маориф, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия бо чандин ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ шудааст.

Муаллима Саидова Файзимо омӯзгори соҳибтаҷриба буда, зиёда аз 25 сол ҳамчун роҳбари иттиҳодияи методии фанни физика дар ноҳия фаъолият кардааст. Ӯ бо усули хоси таълим ва муносибати самимӣ тавонистааст ба қалби хонандагон роҳ ёбад ва муҳаббати онҳоро нисбат ба илм зиёд намояд. Ҳамчун роҳбари синф ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи хонандагон кӯшиш менамояд.

Бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ ва нигоҳубини фарзанди бемораш тӯли 14 сол, касби дӯстдоштаи худро тарк накарда, бо сабру матонат фаъолияташро идома додааст. Ин аз иродаи қавӣ ва муҳаббати беандозаи ӯ ба касби омӯзгорӣ шаҳодат медиҳад.

Муаалима соҳиби чор фарзанд буда, яке аз фарзандонаш - Усмонов Баҳодур дар соҳаи варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Имрӯз Саидова Файзимо ҳамчун омӯзгори меҳрубон, ботаҷриба ва фидокор дар байни омӯзгорон, хонандагон ва волидон обрӯ ва эҳтироми баланд дорад. Ӯ тамоми қувва ва донишашро барои тарбияи шогирдон сарф намуда, барои онҳо на танҳо омӯзгор, балки шахси ғамхору раҳнамо мебошад.

Мадина АБДУЛҲАЕВА,

Диловар ФИРДАВСЗОДА,

хонандаҳои синфи 11 «Г»-и МТМУ №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД