Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 44,4 миллион евро грант ҷудо кардааст.
Дирӯз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» дар доираи ин грант Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба имзо расонида шуд.
Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, энергияи сабз сохта шуда, он дар рушди иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такони ҷиддӣ мебахшад.
Интизор меравад, ки неругоҳ барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва барои саноатикунонӣ дар минтақа, ки ҳадафи чоруми Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ шудааст, мусоидат менамояд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.