Ҳамарӯза мову шумо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва аксари нуқтаҳои майдафурӯшӣ шоҳиди баҳсу мунозираи пулчинакҳо ва савдогарон бо мусофирону мизоҷон барои танга ва пули майда мегардем.
Пулчинакҳо аз мусофирон талаб менамоянд, ки ҳаққи роҳкирро бо пули майда, яъне танга пардохт намуда, кори онҳоро осон созанд, вале мусофирон 10 сомонаю 20 сомона ва ҳатто 50-100 сомона дароз карда, бақият талаб менамоянд. Дар аксари растаҳои майдафурӯшӣ низ ҳар рӯз аҳвол ҳамин аст, вале акнун мушкили касоне, ки бо пули майда сару кор доранд, осон хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30- июни соли 2022, таҳти №83, аз санаи 01 июли соли 2022 тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад.
Тангаҳои нави сохти соли 2022 дар қатори тангаҳое, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар кишвари мо то соли 1995 пулҳои Шӯравӣ дар муомилот қарор доштанд. Соли 1995 Тоҷикистон рубли тоҷикиро ба рублҳои Шӯравӣ шабоҳат дшт ва дар онҳо танҳо аломати ҷудоӣ бардошта шуда буд.
1- октябри соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон пули миллии сомониро ба муомилот баровард ва тангаҳои пули миллӣ дирам ном гирифтанд.Бо сабаби болоравии нарху наво солҳои охир дирам дар муомилоти нақдӣ хеле кам истифда мешавад, вале ҳангоми пардохти ҳаққи рҳкиро ва хариди майда-чӯйда дирам зарур мешавад.