arzon replenishment
Болоравии нархи хонаи иҷора бо оғози зимистон.
505

 

Оғози зимистон барои сокинони пойтахт анд мушкили нав эҷод мекунад, вале иҷоранишинҳо дучанд дар ташвишанд.

Зеро бештари соҳибхонаҳо аллакай ҳушдор додаанд, ки арзиши иҷораро боло мебаранд ва сар аз аввали зимистон қимматҳо тағйир меёбанд.

Иҷоранишинон, махсусан донишҷуён, ки мӯҳтоҷи иҷораи хона ҳастанд, роҳи дигаре ҷуз розӣ шудан бо нархҳои гарони соҳибхонаҳоро надоранд.

Азизҷон донишҷӯ буда, дар Душанбе дар манзили иҷора зиндагӣ мекунад. Ӯ ба пойтахт барои таҳсил аз ноҳияи дурдасти Шамсиддини Шоҳин омадааст. Онҳо дар иҷорахонаи якҳуҷрагӣ бар ивази 2000 сомонӣ зиндагӣ дорад. Гуфт, якҷо бо ҳамдеҳаҳояш 5 нафаранд ва ҳар моҳ бояд 500 сомонӣ ба соҳибмулк бипардозанд. Азизҷон гуфт, соҳибхона аллакай дирӯз барояшон ҳушдор додааст, ки нархро 500 сомонии дигар боло мебарад ва онҳо бояд ё розӣ шаванд ё иҷораи нав кобанд.

Ӯ дар сӯҳбат бо “Оила” гуфт, иҷораашон дар биноҳои рӯбарӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ, дар хиёбони Рудакӣ ҷойгир аст. “Чун ин ҷо марказ ҳисоб мешавад, нархи хонаҳои иҷора нисбат ба дигар тарафҳои шаҳр қимматанд. Ба гуфти ӯ, дар зимистон боз ҳамон хонаҳоеро бояд ба иҷора гиранд, ки ба низоми пайваст буда, шароити зиндагӣ дар зимистонро дошта бошад.

“Ҳамин чиз барои соҳибони хонаҳо баҳонаи хубест. Чанд рӯз пеш зани соҳибхона омада гуфт, аз моҳи декабр, ки оғози зимистон аст, нархро боз қиммат мекунад. Гуфтем, ки барои чӣ бояд нарх гарон шавад. Ӯ бештар масраф шудани қувваи барқ ва низоми гармидиҳиро баҳона овард, ҳарчанд пули барқро мо алоҳида месупоре ва он ба пули иҷора дохил намешавад”, - гуфт ин донишҷӯ.

Ин донишҷӯ соли гузаштаро ҳам дар манзили иҷора гузаронд. Мегӯяд, барои ҳар моҳи истиқомат ҳамроҳ бо дӯстонаш 1500 сомонӣ месупориданд. Имсол бо ин нарх иҷора наёфтанд, чун алакай арзиши хонаҳо бо шурӯи соли нави таҳсил, боло шуданд ва боз бо оғози зимистон гаронтар шуданианд.

Қамариддин, ки дар маркази шаҳр 2 хонаашро ба иҷора дода, худаш ҳоло дар ҳавлии падарӣ зиндагӣ дорад, зимни суҳбат бо “Оила” гуфт, бо шурӯи фасли хунукӣ талабот ба манзилҳои иҷора афзоиш ёфта, арзиши иҷорапулӣ низ нисбат ба як моҳи пеш боло меравад. Ба баёни ӯ, арзиши манзили 1-хонагии иҷора, ки бо тамоми васоил муҷаҳҳаз аст, вобаста ба макони ҷойгиршавиаш аз 200 доллар шурӯъ мешавад.

“Азбаски дар зимистон муҳоҷирон дар Русия кор наёфта, бармегарданд ва ҳам бештари сокинони ҳавлиҳо кӯшиш мекунанд хунукиҳоро дар хонаҳои баландошёнаи гарм гузаронанд, нарх қиммат мешавад. Ба ғайр аз ин, хароҷот ҳам меафзояд, зеро истифодаи таҷҳизоти барқӣ афзоиш ёфта, маблағи барқ ду баробар қиммат мешавад. Барои оби гарм ҳам пул пардохт кардан даркору таҷҳизоти гармидиҳандаро бояд таъмир кунем”, -мегӯяд ӯ.

Ба таъкиди ӯ, онҳое, ки чунин имконият надоранд, аз пайи манзили иҷорааш арзонтар ва дар макони дуртари пойтахт мешаванд, зеро нархи хонаҳое, ки дар канори Душанбе ҷойгиранду шароити миёна ақаллан надоранд, аз 50 доллар дар як моҳ сар мешавад.

“Як хонаро тобистон таъмир кардам. Имсол нархи сӯзишворӣ чанд бор қиммат шуд ва тамоми масолеҳи таъмири хона ҳам нисбати соли гузашта қимматтар шуданд, қурби рубли русӣ ҳам хеле фаромад. Ман ҳам аз ҳисоби ҳамин хонаҳои иҷорадодаам зиндагии хонаводаи худу падару модар ва як хоҳарамро пеш мебарам. Аз тарафи дигар, тобистон маҷбур мешавам он хонаро боз аз сари нав таъмир кунам, чунки иҷоранишин мисли хонаи худаш хонаро нигоҳ намекунад”, - шиква кард ӯ.

Ҳамсуҳбати дигарамон Омина бо як фарзанд дар пойтахт зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ошхонае пешхизмат аст ва моҳона то 1500 сомонӣ кор мекунад. Омина, дар суҳбат бо “Оила” гуфт, аксари соҳибхонаҳо донишҷӯдухтар ё занҳои танҳои иҷорашин меҷӯянд Ин иддаои ӯро эълонҳои иҷора дар сомонаҳои интернетӣ тасдиқ мекунанд.

“Ман бо як фарзандам аз шавҳар ҷудо шудам. Азбаски дар қишлоқ ягон кор набуд ва худам маълумоти олӣ ё касбӣ надорам, маҷбур ба шаҳр омадам. Духтарчаамро ҳам бо худам овардам. Хеле азоб кашидем дар иҷоракобӣ. Як ҳафта пеш хонаро ёфтам. Соҳибхона дар аввал гуфт, зани кӯдакдорро қабул намекунад. Вале ваъда додам, ки ӯро ҳар рӯз ҳамроҳи худам ба кор мебараму духтарчаам ба ягон ҷойи хона кордор нахоҳад шуд, қабул кард. Акнун ӯ субҳ то шом дар ошхона телефонбозӣ мекунаду ман пешхизматӣ”, - гуфт ӯ ба “Оила”.

Омина қисса кард, ки тобистон дар наздикии бозори “Деҳқон” бар ивази 400 сомонӣ иҷора менишаст, аммо соҳиби хона фарзандашонро оиладор карданду ҳафтае қабл онҳоро ҷавоб доданд. Баъди ин, Нилуфар дар интернет ба ҷустуҷӯи хонаи иҷораи дигар шуруъ кард. Дар ин раванд бо чанд соҳибхона вохӯрда, шароиташонро дид. Дар баъзе аз онҳо зимистонро гузаронида намешавад, гуфт ӯ.

“Ба чанд хона рафтам. Рости гап, шароит надоштанд, вале нархи қиммат мегуфтанд. Баҳона мекарданд, ки аз пеш зимистон аст ва пули барқ зиёдтар мешавад, аммо ман рӯзи дароз дар корам ва истироҳат надорам. Фикр намекунам барқро он қадар зиёд масраф кунам” – мегӯяд ӯ.

Самеъулло, иҷорашини дигари пойтахт, сабаби тез-тез боло рафтани нархи иҷораро дар шартнома набастан мебинад. Ӯ гуфт, вақте иҷорахонаашро гирифт, бо соҳибхона барои як сол ба таври хаттӣ қарордод бастанд. Дар қарордод ,ки як нусхааш дар дасти ӯст, арзиши иҷорапулӣ, ҳудуди он ва дигар шартҳо навишта шудаанд ва соҳибхона ҳуқуқ надорад, ки то замони анҷоми шартнома нархи онро боло барад.

“Бисёре аз иҷорашинҳо мутаассифона ин масъаларо намедонанд. Танҳо даҳонӣ шартнома мекунанд, ки муҳтавои он танҳо аз маблағи ҳаққи иҷора иборат аст. Баъд соҳибхона чӣ хеле хоҳад, ҳамон хел нархро қонеъ мекунад. Иҷорашин ягон илоҷ надорад, чунки агар розӣ нашавад, хонаро холӣ мекунад. Барои ҳамин, тавсия медиҳам, ки ҳатман шартномаи хаттӣ имзо кунанд”, - гуфт ӯ.

Дар ҷавоби ӯ, ҳамсуҳбати қаблиамон Қамариддин гуфт, азбаски андоз барои хонаи иҷора гарон асту ин нархи хонаро боз ҳам қиммат мекунад, онҳо маҷбуранд, бо шартномаи шифоҳӣ манзилашонро супоранд.

Бояд гуфт, ки ҳоло мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте ки сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар истиқоматкунандаи пойтахт мешаванд, бояд худро дар муҳлати муайяншуда дар ҷойи зисти навашон ба қайд гиранд, в-агарна аз ҷониби масъулин мутобиқи талаботи моддаи 469 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима мешаванд.

Тибқи ин банди қонун бояд ҳар иҷоранишин худро дар маҳали зисташ ба қайд гирад, вале мутаассифона, иҷорадиҳандагон барои дар қайди хонаашон гузоштан розӣ намешаванд, зеро онҳо намехоҳанд ба як иҷоранишин, ки барояшон чандон шинос нест, чунин имкон диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳоолдонҳо барои донишҷӯён зиндагӣ дар хобгоҳҳоро тавсия медиҳанд. Зеро тибқи талаботи замони муосир ҳар як муассисаи олӣ дорои хобгоҳи худ мебошад, ки ҳам нархи дастрас дораду ҳам шароити хуб. Аммо новобаста аз мавҷуд будани хобгоҳҳо, бархе донишҷȳён хонаи иҷораро интихоб мекунанд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо Шариф, ки дар хобгоҳ зиндагӣ дорад, яке аз мушкилоти асосии хобгоҳ набудани оби гарм аст.

“Дар зимистони гузашта хонаи апаам рафта будам. Имсол бо бачаҳои ҳуҷра иҷора гирифтанием то баҳор, чунки дар зимистон дар хобгоҳ оби гарм нест ва баъзан ҳангоми рӯзҳои хунукӣ қубурҳои гармидиҳанда (отопление) ҳам хуб кор намекунанд. Дар хоб аз таҷҳизоти гармкунанда истифода бурдан манъ аст”,-таъкид кард ӯ.

Онҳо чун дар пайи ҷустуҷӯи иҷора шуданд бо мушкили болозикр, яъне болоравии нарх дар зимистон мушоҳида шуданд ва ба баёни ҳамсуҳбати мо, сабабашро афзудани пули барқ аз ҳисоби истифодаи таҷҳизоти барқӣ мегӯянд соҳибхонаҳо.

Ширин мегӯяд, иҷорагирандагон ба ғайр аз нархи иҷораи хона ё ҳуҷраи алоҳида маблағи пули барқ, об ва партовро низ аловатан талаб менамоянд. Аммо, бар замми ин, пули ҳамаи инро баҳона карда, ба арзиши хонаи иҷора илова мекунанд, дар ҳоле, ки ҳамааш ҷудогона аст.

Дар маҷмӯъ, ҳоло аксари иҷорадиҳандагон хонаҳояшонро бе шартномаи хаттӣ ба иҷора медиҳанд ва ҳар навъе, ки хоҳанд, арзишашро муайян мекунанду тез-тез онро боло бурдан мегиранд, ки на дар аҳорчӯбаи одамгарӣ меғунҷаду на қонунӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД