Sebiston new 2024 october
Болопӯшҳои тирамоҳӣ барои занон
4173

 

Болопӯш яке аз либосҳои доимӣ дар гардероби занон аст, ки дар ҳавои номусоид онро ба тан мекунанд.

Бояд донед, ки мӯдшиносон болопӯшҳоро дар мавсими боронӣ тавсия медиҳанд. Онҳо аз матои обногузар дар асри 19 истеҳсол мешуданд. Пас аз он резина ҳамчун муҳофиз аз об истифода мешуд. Аммо ин масолеҳ ноустувор буда, дар сармо кафида, дар офтоб гудохта мешуд. Оҳиста-оҳиста болопӯшҳои сахти инглисӣ, дукарата бо камарбанд ва гиреҳҳои чаппашуда пайдо шуданд.

Болопӯшҳо дар солҳои 2023-2024 чӣ гуна хоҳанд буд? Интихоби либосҳои занона ба мӯди имруз ва зебоӣ асос ёфтааст. Онҳо шуморо аз ҳар гуна обу ҳаво наҷот медиҳанд. Махсусан барои сайругашт, вохӯрии корӣ ва сӯҳбат бо дӯстон дар ҳавои тоза хуб аст.

 

Маҳсулоте, ки аз пӯсти ҳақиқӣ истеҳсол шудааст, ҳамеша дар тамоюл мебошанд. Ин бори аввал нест, ки ин навъҳо мӯдтаринанд. Тарроҳон бисёр усулҳоро таҳия кардаанд ва кадом намуди онҳоро бояд занхо интихоб кунанд?

Таррсоҳ Даря Колодник дар мавриди мӯди имсола чунин маслиҳат додааст:

"Имсол интихоби болопӯшҳо душвор буда метавонад, аммо агар шумо якчанд қоидаҳои асосиро дар хотир нигоҳ доред, метавонед навъҳои беҳтаринро пайдо кунед, ки ба услуб ва тарзи ҳаёти шумо мувофиқ бошад. Пеш аз ҳама, ба мавод диққат диҳед. Шакли баландсифатро интихоб кунед, ки шуморо аз борон ва шамол муҳофизат кунад".

Пас, ба тарзи дӯхт, навъи матоъ, ранг ва ороиши он таваҷҷуҳ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД