Аксарияти нафароне, ки одати сигоркашӣ доранд, бо мурури замон роҳҳои аз он дил канданро меҷӯянд. Олимон муайян сохтанд, ки боимҷон низ дар таркиби худ никотин дорад ва истеъмоли он метавонад хумори сигоркаширо кам созад.
Дар таркиби як килограмм боимҷон 100 микрограмм никотин мавҷуд буда, ба ҷисм зарар надорад. Боимҷон барои тарки сигоркашӣ ёрӣ мерасонад. Ба андешаи табибон, консентратсияи никотини таркиби боимҷон барои бартараф сохтани хумори сигор ва тарки ин одат мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки миқдори никотини як сигор ба миқдори никотини таркиби 10 килограмм боимҷон баробар аст.