35 years of independency
Боҷи воридотии сигор дар Тоҷикистон боло меравад
17.09.2026
Oila.tj
16

Боҷи воридотии сигор ба Тоҷикистон зиёд карда мешавад. Ҳукумати кишвар ҳаҷми нави боҷи гумрукиро 50 фоиз аз арзиши гумрукии мол, вале на камтар аз 7 евро барои 1 ҳазор дона сигор муқаррар кардааст.

Қарори дахлдор охири моҳи август ба имзо расидааст. Ин тағйирот як моҳ пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт. То ин вақт боҷи воридотии сигор 46 фоиз аз арзиши гумрукӣ, вале на камтар аз 5 евро барои 1 ҳазор дона муқаррар шуда буд.

Ҳамин тариқ, меъёри ҳам фоизӣ ва ҳам ҳадди ақали боҷи воридотии сигор дар кишвар боло меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД