Июл моҳи дуюми фасли тобистон аст, ки дар он ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа гармтар ва боришот камтар пешгӯӣ мешавад.
Дар ин моҳ дар водиҳо ҳаво 24+28, дар доманакӯҳҳо 30+35, дар минтақаҳои кӯҳӣ 12+14 ва дар шарқи Бадахшон 9+13 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад.
Вилояти Хатлон
Дар нимаи аввали моҳи июл дар вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 24-28 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо 25-27 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона 24-29 ва рӯзона 39-43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44-46 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Вилояти Суғд
Дар вилояти Суғд бошад ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри муқарарии иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо 1 дараҷа баланд пешгуӣ шуда, дар водиҳо 27+30 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15-21 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаҳои дуюми моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона 21+28 ва рӯзона 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ноҳияи тобеи кишвар
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз ҳудуди меъёри иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18+25 дараҷа гарм ва дар ғарби вилоят 20+24 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар нимаи дуюми моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 15+20 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
Чуноне хабар дода шуд, дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи ҳаво 9+13 дараҷа гарм шуда, нимаи дуюми моҳ ҳарорат баланд шуда, шабона 7+12 ва рӯзона то 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд. Боришоти камро агентӣ пешгӯи мекунад.
Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки ҳавои гарм барои гирифторони бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ мушкилӣ меорад. Аз ин рӯ дар чунин ҳаво, яъне баланд будани ҳарорати ҳаво бе зарурат дар берун сайругашт накунанд.