Arzon march 2024
Бодиринг ва зардчӯба - давои доғи рӯй
05.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1129

Бодирингро аз замонҳои қадим барои сафедкунии пӯсти рӯй истифода мебаранд. Онро ба таври ҳалқача бурида, ба мавзеи чашм гузошта, хоб равед. Иҷрои ин амал хусусан ҳангоми пайдо шудани доғи кунҷидаки пӯст дар фасли гармо аз манфиат холӣ нест.

Бодиринг пӯстро нарму чандир месозад, зеро маҳз пӯсти хушку беоб доғи пигментӣ пайдо мекунад.

Боз бодирингро майда карда, ба он чанд қатра равғани зайтун илова кардан мумкин аст. Ҳамзамон бодиринги куфтаи бо сметана омехташуда ниқоби беҳтарин барои сафед кардани пӯст маҳсуб меёбад.

Агар пӯст аз ҳад зиёд хушк бошад, сметанаи равғаннокияш зиёдро ба кор бурдан лозим аст. Ниқоби мазкурро дар пӯсти рӯй ҳамагӣ 20 дақиқа бояд нигоҳ дошт.

Агар аз асал аллергия надошта бошед, ба ниқоби бодирингӣ асал илова кардан мумкин аст. Ниқоби мазкур барои бонувони калонсол тавсия дода мешавад. Дар сурати мунтазам молидани ниқоби бодирингӣ ба пӯсти рӯй онро ботароват месозад.

Ниқоб аз помидору бодиринг

Ниқоби аз помидор ва бодиринг омодашуда низ барои сафед кардани пӯст таъсири хуб медиҳад. Помидору бодиринг дар таркиби худ моддаҳое доранд, ки на танҳо пигментатсияи пӯстро ба эътидол меорад, балки таровати онро барқарор месозад.

Як дона помидор ё бодирингро аз турбтарош гузаронида, ба он як қошуқ сметана, 1 қошуқ зардчӯба, 3-4 шарбати лимӯ ва 1 қошуқ асал илова кунеду ба пӯсти рӯй молида, баъди 15 дақиқа бо шири хунук рӯятонро тоза кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД