Formula novemver 2024
Бодиринг - давои доғи рӯй
1421

Шарбати бодиринг пӯстро ботароват, сафеду нафис месозаду боиси нест кунонидани доғҳои кунҷитак мегардад. Сари чанд вақт бо пораҳои бодиринг молиш додани пӯсти рӯй муфид аст.

Бодиринг дорои калий, калсий, оҳан, фосфар, йод, миқдори ками витаминҳои муҳими каротин, В2, В1, РР, ҷавҳари пантотен, В6 ва С мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз рӯи табобатнокӣ ва фоиданокиаш бодиринг дар баробари сабзӣ, помидор, пиёз ва ҳатто меваҳои ситрусӣ меистад. Бодиринг хусусияти хуби косметикӣ дошта, онро аз замони қадим барои сафедкунонии пӯсти рӯй васеъ истифода мебурданд.

Як бодирингро ба таври ҳалқашакл реза карда, ба пӯсти рӯй гузоштан кофӣ аст, ки пӯсти рӯй сафед гардад. Бодиринг барои духтароне, ки рӯяшон пур аз доғи кунҷитак гаштааст, беҳтарин даво маҳсуб меёбад.

Азбаски маҳз пӯсти хушку беобшуда доғ мезанад, шираи бодиринг хусусияти нармкунониву тароватбахширо дорад.

Бо мақсади рафъ намудани доғҳо ва ботароват сохтани пӯст ба бодиринги майдашуда каме равғани зайтун ва қаймоқ (сметана) илова кардан мумкин аст. Агар пӯст хушк бошад, қаймоқи равғаннокияш зиёдро интихоб намоед. Чунин ниқобро дар пӯст 20 дақиқа нигоҳ доштан кофӣ аст.

Барои ҳамвор сохтани ожанги рӯй ба бодиринги куфта асал илова кардан лозим аст. Ниқоби мазкурро бо оби ширгарм бояд шуст.

Дар фасли баҳор махсусан ғизо додани пӯсти беҷон муфид аст. Витамини С дар таркиби бодиринг равандҳои мубодилаи моддаҳоро дар ҳуҷайраҳо суръат мебахшад, ки ба навсозии босуръати пӯст мусоидат мекунад. Бодиринги миёнаҳаҷми куфташударо ба дока ё “салфетка” печонед ва рӯи худро бо компресси ҳосилшуда дар давоми 7-10 дақиқа молед. Илова ба таъсири судманди афшураи бодиринг, пӯст инчунин маҳси сабук мегирад.

Бо шарофати витаминҳои зиёдаш бодирингро барои нигоҳубини тамоми намуди пӯст ва мӯй истифода бурдан мумкин аст.

Ниқоб барои пӯсти равғанин

1 дона бодиринг ва 1 себро дар блендер майда карда, ба пӯсти рӯй молед ва баъди 25-30 дақиқа бо оби хунук шӯед. Ниқоби мазкурро ҳафтае ду бор ба рӯй молидан лозим аст.

Ниқоб барои доғи кунҷитак

Шарбати бодиринг ва шарбати лимӯро омезиш дода, дар он докаеро тар карда, сипас докаро ба пӯсти рӯй пушонидан лозим аст. Баъди 15 дақиқа бо оби ҷушиндашудаи сард рӯйро бояд шуст.

Ниқоби нармкунанда барои мӯй

2 бодирингро пӯст карда, дар блендер майда кунед. Сипас онро бо 3 қошуқ равғани зайтун ва 5 қошуқ сметана омезиш диҳеду ба мӯйҳои тозаву хушк молида, бо салафан печонед ва баъди 1,5 соат бо оби ширгарм ва шампун шӯед. Чунин ниқобро давоми 2 моҳ 4 рӯз пас ба мӯйҳо молидан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД