Салом! Ман ҷавонмарди 28-сола ва соҳиби ду фарзанд ҳастам. Пештар ҳар сол ба Русия рафта меомадам. Дар сохтмон кор мекардам, вале ҳунари мебелсозӣ ҳам дорам. Имсол бо сабаби ҳодисаҳои нохуше, ки дар Русия рӯй доданд, ба мардикорӣ нарафтам. Як шиносам, ки дар Олмон таҳсил мекунад, маслиҳат дод, ки визаи сайёҳӣ гирифта, ба ягон кишвари Аврупоӣ равам, кор ёфтан дар он ҷойҳо осон аст. Ҳайронам, ки равам ё наравам. Донистан мехоҳам, ки бо визаи сайёҳӣ дар хориҷа кор карда мешавад ё не?
НУРИДДИН, сокини шаҳри Бохтар
Посух:
- Бародари азиз! Ҳаргиз ин корро накунед. Аввалан бо раводид, яъне визаи сайёҳӣ касе шуморо дар кишварҳои хориҷӣ ба кор намегирад. Дуюм: Бо визаи сайёҳӣ ба ин ё он давлат сафар карда, бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан, муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ маҳсуб ёфта, барои чунин амал муҳоҷир музоҷот карда мешавад.
Визаи кориро чи тавр мегиранд?
Тавре ки Фирӯзҷон Муродов, корманди Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо мо гуфт:
- Ба Аврупо ва давлатҳои дигари хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан тартиби муайяни худро дорад. Пеш аз ҳама он ширкати хориҷӣ, ки муҳоҷири меҳнатиро ба кор гирифтан мехоҳад, бояд ба номи он шахс даъватномаи корӣ фиристад. Дар асоси даъватномаи корӣ пас аз гузаштан аз сӯҳбат ба муҳоҷири меҳнатӣ раводид, яъне визаи корӣ дода мешавад, ки он мӯҳлати муайяни худро дорад. Муҳоҷир метавонад баъди гирифтани визаи корӣ ба он кишвар сафар карда, дар ширкате, ки ӯро ба кор даъват намудааст, фаъолият намояд.
Донистани забони хориҷӣ ҳатмист!
Фирӯзҷон Муродов мегӯяд, муҳоҷироне, ки мехоҳанд ба давлатҳои Аврупо ё кишварҳои дигар коркунӣ раванд, бояд забони кишвари қабулкунандаро ақаллан дар сатҳи гуфтугӯ бидонанд ва бо қонунҳои муҳоҷиратии он давлат ошноӣ дошта бошанд. Шахсоне, ки нияти ба ягон кишвари хориҷӣ коркунӣ рафтан доранд, бояд забони англисӣ, немисӣ, арабӣ ё забони дигареро, ки дар кишвари қабулкунанда бо он забон сӯҳбат мекунанд, омӯзанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо мақсади кӯмак расонидан ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷиро роҳандозӣ намудааст. Шахсоне, ки ба давлатҳои хориҷӣ муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, метавонанд дар ин курсҳо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ ва куриёиро ба таври ройгон омӯзанд.
Бе шартномаи меҳнатӣ кор накунед!
Бастани шартномаи меҳнатӣ ҳатмист, зеро ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо дар он ба таври возеҳ нишон дода мешаванд. Дар сурати сар задани ягон нофаҳмӣ байни коргар ва корфармо муҳоҷир метавонад бо кӯмаки шартномае, ки бо корфармо бастааст, ҳаққи худро талаб карда гирад.
Музоҷот барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ хатарҳои худро дорад ва шахсоне, ки ба таври ғайриқонунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, яъне бо баҳонаи сайру саёҳат, меҳмонӣ, табобат ва ғайра ба ин ё он давлати хориҷӣ сафар карда, баъдан бо фаъолияти меҳнатӣ машғул мешаванд, музоҷот карда мешаванд. Якум: дар сурати ба чанг афтодан муҳоҷирро аз он кишвар ихроҷ-депортатсия мекунанд. Дуюм: шахс ба таври ғайриқонунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта бошад ва бидуни шартномаи меҳнатӣ кор кунад, дар сурати аз пардохти музди меҳнат саркашӣ намудани корфармо наметавонад аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намояд. Хатари афтидан ба ғуломии меҳнатӣ дар чунин ҳолатҳо хеле зиёд аст. Аз ҳамин хотир, муҳоҷирон бояд ҳушёр бошанд ва танҳо бо роҳи қонунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
Ба доми фиреб наафтед!
Вақтҳои охир одамоне пайдо шудаанд, ки бо ваъдаи кори сердаромад дар ин ё он давлати хориҷӣ муҳоҷиронро фиреб карда, гӯё барои тахт кардани ҳуҷҷатҳо аз онҳо пули калон мегиранду баъд ғайб мезананд. Барои ба доми фиреби чунин қаллобон наафтидан, муҳоҷирон бояд ба Хадамоти муҳоҷират, Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолӣ ё дигар идораҳои расмӣ, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ё литсензия ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд, муроҷиат намоянд.