Gazprom july 2025
Бо ваъдаи мошини BMW F10 пулҳоямро гирифта, маро ба рӯйхати сиёҳ дароварданд
12.08.2025
Oila.tj
660

Ба таваҷҷуҳи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Салом ба аҳли эҷоди сомонаи Оila.tj

Ман Шукриоллоҳ Ҳамроев, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд мебошам. Имрӯз, 12.08.2025 тахминан соати 10:40 дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм аз @zulola_tw_03 навореро тамошо кардам, ки мардумро ба бозии бурднок даъват менамуд. Бехабар аз он, ки ин доми макру фиреб ва дурӯғ аст, нофаҳмида ба WhatsApp-и он шахс навиштам. Бо як калима навиштан ҳамаи шартҳои бозӣ баромад. Дар сабти овозиаш гуфта буд, ки шумо шонси бениҳоят хуб доред, агар ба маблағи 1000 сомонӣ 10 чипта харидорӣ намоед, автомобили BMw F10 туҳфа мегиред ва ҳамаи 10 чиптаи харидаатон ба бозӣ дохил карда мешавад. Мани сода хурсанд шуда, 1000 сомонӣ пули бо заҳмати зиёд кор кардаамро ба ӯ гузаронидам.

Ба умед будам, ки соҳиби мошин мешавам, аммо ин орзуям дар нимароҳ монда, баъд аз 1 соату 25 дақиқа он бевиҷдон маро ба рӯйхати сиёҳ даровард. Навиштам, ки акаҷон, илтимос, пули маро баргардонед, чунки ин маблағ барои худам ниҳоят зарур аст, аммо ҷавобе нашуд.

Умедворам, ки арзу доди мани фиребхӯрда ба гӯши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерасад. Рақамҳои он шахсро медиҳам, то ки аз ӯ пурсуҷӯ кунед: +7 962 879-15-11

Дар охир аз тамоми сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хоҳиш мекунам, ки ба доми чунин қаллобон наафтанд, агар афтанд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД