“Официантка” мардакамро аз роҳ заду...
Салом “Оила”-и азиз! Мехоҳам саргузаштамро ба шумо нақл карда, аз хонандагони рӯзгордидаат маслиҳат бипурсам.
Ман зани хиёнатдида ҳастам ва имрӯз дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда, чи кор карданамро намедонам. Тахминан 8 моҳ пеш фаҳмидам, ки шавҳарам бо як зани пешхизмат ишқварзӣ намуда, ба ман хиёнат мекардааст. Оташи рашк дар дилам аланга зад ва бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол карда, дар наздаш шарт гузоштам, ки аз ду якеро интихоб кун: ману бачаҳоят ё ҳамон зан!
Бадбахтона шавҳарам ҳатто хотири соҳиби як писар ва боз ҳомиладор будани маро накрада, ҳамон маъшуқаашро интихоб намуд.
Хулоса, он зани шаттоҳ аз моҷарои мо бохабар гашта, ба шавҳарам гуфтааст, ки аз занат ҷудо шав, баъд ман туро мегирам. Ҳамин тавр шавҳарам аз пушти маъшуқааш талоқамро дод, вале ман аз хона онҳо поямро берун нагузоштам.
Шавҳарам маъшуқаашро ба никоҳи худ дароварда,ҳар рӯз бо ман ҷангу ҷанҷол мекардӣ, ки ман талоқатро додам, вале ту беномус аз хонаи мо намеравӣ. Ошкоро мегуфт, ки писарамро монду худат ба хонаи модарат рав ва кӯдаки дар баднат бударо несту нобуд кун, чунки ба ман даркор нест, вале ҳама дарду ранҷу азобро таҳаммул карда, исқоти ҳамл накардам ва ба шавҳарам гуфтам, ки ман аз ин хона поямро берун намегузорам, маъқул набошад, худат баромада рав!
Шавҳарам сари қаҳру ғазаб ба Русия рафт. Пас аз рафтанаш чор моҳи дигар истодам, вале бо сабаби ҳомиладорӣ аҳволам бисёр бад шуд ва маҷбур шудам, ки писарамро гирифта, ба хонаи модарам равам. Фарзанди дуюмамро дар хонаи волидонам ба дунё овардам.
Шавҳарам боз писар таваллуд карданамро донад ҳам, ману кӯдаконашро аслан суроғ намекард,ҳушу хаёлаштанҳо ба зани наваш буд, вале...
Зане, ки даст ба дасти мардон гаштааст, аз сараш тилло резанд ҳам, ҳаргиз аз роҳи бад намегардад, ҳамсари нави шавҳарам низ ба ҷойи фикри зиндагиашро кардан, баъди ба Россия рафтани шавҳараш бо мардҳои дигар ишқварзӣ карда мегаштааст. Яке аз ошиқонаш ӯро дар бистари хоб акс гирифта,суратҳояшро ба шавҳарам фиристодааст ва наивштааст, ки зани ту акнун моли ман аст.
Шавҳарам баъди дидани он аксҳо аз зани шаваш дилхунук шуда, моро суроғ мекардагӣ шуд. Акнун зорию тавалло дорад, ки ман хато кардам ва аз кори кардаам пушаймон ҳастам, маро бубахш, биё аз нав никоҳ карда, зиндагиамонро давом диҳем.
Мегӯям, ки ту маро талоқ додӣ, дигар ману ту бо ҳам зиста наметавонем, вале мегӯяд, ки баъди талоқ ту писар таваллуд кардӣ, талоқ бекор шуд, акнун метавонем, ки аз нав никоҳ кунем. Сарҳисоби корамро гумкардаам, илтимос маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?