Sebiston new 2024 october
Бо сари тар хобидан мӯйро мерезонад?
01.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1551

Ман духтари мӯйдароз ҳастам. Ҳар дафъае, ки сар мешӯям, модарам маро сарзаниш мекунад, ки бо мӯйи тар ба бистари хоб надароям. Тавре модарам мегӯянд, дарҳол баъди саршӯӣ мӯйро хушк кардан лозим аст. Шумо дар ин маврид чӣ маслиҳат дода метавонед?

БАРНО, ш. Душанбе

- Сохти мӯйи инсон аз сафедаи киратин иборат аст, ки қабати тунуки онро мепӯшонад. Вақте ки ба мӯй об мерасад, заррачаҳои хурди он ба холигиҳо ворид гашта, боиси варам кардану ҳаҷман калон шуданаш мегардад. Дар натиҷа ҳар як тори мӯй осеб ёфта, ба шикастан сар мекунад.

Мӯйи тар-мӯйи заиф ба шумор меравад. Ҳар қадаре шумо бо мӯйи тар мегардед, ҳамон андоза хатари осеб ёфтанаш меафзояд. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки мӯйи тарро бо сачоқ пурра хушк кардан лозим аст. Бо кокули тар хоб рафтан боиси он мегардад, ки мӯйи тар ба болишт молиш хӯрда, зарар мебинад.

Имрӯз дар мағозаҳо номгӯи васеи кондитсионери мӯй, спрей ва дигар маҳлулҳоро пайдо кардан мумкин аст, ки сохти мӯйро ҳангоми шустушӯ ва баъди он ҳифз менамоянд.

Мӯйро аз реша шона накунед

Рафту ҳангоми саршӯӣ мӯятон печида бошад, дар аввал бо ангуштон онро ҳамвор созед, бо ин коратон ба мӯй камтар зарар мерасонед. Беҳтараш шонаи дандонкалонро интихоб намуда, аз нӯги кокулон сар карда, ҷониби решаи мӯй шона кунед. Вақти худро сарфа карданӣ бошед, беҳтараш қабл аз саршӯӣ мӯйро шона кунед.

Мӯйи тарро набандед

Вақте ки мӯйи сар тар мешавад, сахт кашиш мехӯрад. Рафту бо вуҷуди тар буданаш мӯйро сахт бо мӯйқапак баста монед, ба зудӣ кокулонатон зудшикану носолоим мегарданд. Қабл аз он ки мӯйро ороиш медиҳед, ҳамеша онро хушк кунонед. Ба сифати маводе, ки мӯйқапак ё резини мӯйбандии шумо омода шудааст, диққати хоса диҳед.

Ба мӯйи тар фени тасфонро нарасонед

Асбобҳои ороиши мӯй дорои садҳо ва аз он бештар дараҷаи гармӣ мебошанд. Тасаввур кунед, ки чунин асбобҳо ба мӯйи тар таъсир карда, оби дар таркиби ҳар тори мӯй вуҷуддоштаро ба ҷӯшидан наздик мекунад. Аз ин рӯ, ҳангоми тар будани мӯй ба он асбобҳои тасфони ороишдиҳандаро расонидан манъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД