arzon replenishment
Бо роҳи никоҳ бо зани рус шаҳрвандии Русияро гирифтан душвор мешавад
621

Федератсияи Русия ба Қонун “Дар бораи тартиби вуруд ва хуруҷ аз РФ” ва “Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар РФ” тағйироти навро ворид намудааст, ки аз охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар амал татбиқ карда мешаванд.

Ҳадаф аз ворид намудани ин тағйирот монеъ гаштан ба шахсоне мебошад, ки дар асл мақсади оила бунёд намуданро надоранд, вале барои дарёфти шаҳрвандии Федератсияи Русия бо шаҳрвандони ин кишвар танҳо дар рӯйи коғаз гӯё издивоҷ мекунанд.

Тибқи қоидаҳои нав барои ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Русия шаҳрванди хориҷӣ бояд на камтар аз 3 сол бо шаҳрванди Русия, ки ба таври доимӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунад, дар ақди никоҳи расмӣ қарор дошта бошад. Шарти дигари ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Русия аз шаҳрванди Русия ҳадди ақал як фарзанди умумӣ доштани шаҳрванди хориҷӣ мебошад.

Дар сурати аз ҷониби суд бекор карда шудани ақди никоҳ ё маҳрум гаштани шаҳрванди хориҷӣ аз ҳуқуқи падарию модарӣ иҷозатнома барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба таври автоматӣ бекор карда мешавад.

Муҳоҷироне, ки фарзандонашон шаҳрвандии Русияро доранд, метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии Русия ариза пешниҳод намоянд. Агар кӯдак бидуни никоҳи расмӣ ба дунё омада бошад, шаҳрванди хориҷиро лозим меояд, ки бо шаҳрванди Русия зиндагии якҷоя доштан ва фарзанди ӯ будани кӯдакро тариқи суд исбот намояд.

Қаблан қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо ба хотири гирифтани шаҳрвандии Русия бо шаҳрвандони ин кишвар ақди никоҳи сохта мебастанд.

Дар шарҳи тағйирот, ки аз 25-уми январи соли 2025 дар амал татбиқ карда мешаванд, навишта шудааст, ки ҳадаф аз ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо пешгирӣ намудани ҳолатҳои бо мақсади ғаразнок истифода бурдани ақди никоҳ ва далели падарӣ ба кӯдакони шаҳрвандии Русияро дошта аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД