Салом кормандон ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила”. Мухлиси ҳамешагии шумо ҳастам ва ҳар як шумораатро бесаброна интизорӣ мекашам.
Имрӯз ба даст қалам гирифтам, то ки шумо баъди хондани дарди дилам маслиҳати худро дареғ надоред.
Чанд сол қабл як дугонаам тӯй кард ва маро низ ба рӯзи хонадоршавиаш даъват намуд. Дар тӯйхона бо ҷавоне шинос шудам. Муддати ду ҳафта бо ҳам суҳбат накардем. Аз он, ки аввалин бор буд, бо ҷинси мард атрофи ишқу ошиқӣ гап мезадем, ӯро дӯст доштам.
Мехостам ҳар лаҳза бо ӯ тамос гирам, аз аҳволаш пурсон шавам. Баъд аз як муддати шиносоӣ аз як рафиқи наздикаш хабар ёфтам, ки оиладор будаст. Ин хабар барои ман зарбаи сахт буд ва барои ҳамин телефон карда, ин хабари шунидаамро расонидам.
Дигар ба суханҳои ӯ гӯш надода, телефонро хомӯш кардам. Аз байн як моҳ гузашту телефонро дубора фаъол кардам. Пас аз чанд лаҳза он мард бо ман тамос гирифта, бахшиш пурсид. Дубора маро моили худ кард ва қиссаҳои аз сар гузаронидаашро гӯш кардам. Агарчӣ намедонам ин суханҳои ӯ ҳақиқат дошт ё не, вале бовараш кардам. Сабаби бо ман гап заданашро чунин маънидод кард, ки занашро волидонаш интихоб кардаанд ва ӯро дӯст намедорад. Бар замми ин, онҳо фарзанддор нашудаанд. Ба гуфтаи ин мард, агар муддати як сол онҳо фарзанддор нашаванд, ҳамсараш худаш тарки хонаву дар мекунад. Вақте ӯ рафт, ман волидонамро ба хонаи шумо хостгорӣ мефиристам ва тӯю тамошо мекунем, гуфта буд. Аз суҳбати мо 9 моҳ гузашт. Дар рафтору гуфтораш тағйирот даромадааст. На занг мезанаду на паёмак мефиристад, худашро аз ман дур мегирад. Ҳар вақте занг занам, ҷанҷолро мебардорад ё ин ки умуман ҷавоб намедиҳад. Кӯшиш кардам, ки ӯро фаромӯш созам, аммо натавонистам. Чандин маротиба симкортҳоямро шикастам, вале боз худам аввалин шуда, ба ӯ занг задам. Дар нимароҳ мондаам, чӣ маслиҳатам медиҳед