Arzon march 2024
Бо марди 3-зана "ЗАГС" кунам?
01.03.2022
ОИЛА
4280


Салом! Нигора ҳастам як зани азияткашидаи сокини пойтахт. Мушкиле ба сарам омадааст, ки чанд вақт боз ҳарчанд фикр мекунам, ҳеҷ роҳи ҳаллашро намеёбам, аз ҳамин хотир қарор додам, ки сарнавиштамро тариқи сомона ба шумо қисса карда, маслиҳат бипурсам.

Падарам роҳбари як корхонаи калон буданд ва мо, се хоҳару ду бародар гули чизро хӯрдаву гули чизро пӯшида ба воя расидем, аммо бо амри тақдир мани сарсахт ба ҷавоне ба шавҳар баромадам, ки нашъаманд будааст. Азбаски падари домод бо падарам кор мекард, волидонам “одамони хубанд” гӯён, дигар тору пуди ҷавонро пурсуҷӯ накарда, маро ба ӯ фотиҳа карданд, вале баъди тӯй фаҳмидем, ки дӯсти падарам сирру асрори писарашро аз мо пинҳон доштааст. Тахминан як ҳафта баъди арӯс шуда ба хонаи хушдоман рафтанам пай бурдам, ки шавҳарам шабҳо як хокаи сафедчатобро бо биниаш фих мекашад. Мани арӯсак ҳамагӣ 18-сол доштам ва ҳатто чӣ будани он хокаро намедонистам, вақте ки нашъаманд будани домодро фаҳмидам, аллакай кор аз кор гузашта, ҳомиладор будам ва ночор ба тақдир тан додам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳанӯз тифли батнам ба дунё наомада, шавҳарам ба Русия ба қавли худаш “мардикорӣ” рафт, вале худи ҳамон рӯз ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Маскав бо чанд кило героин дастгир карданд ва бо ҳукми суд ба мӯҳлати 10-сол зиндон шуд.Падараш бо шунидани ин хабар ба сактаи мағзи гирифтор гашта, ҷон ба ҷонофарин супурд.
Ҳамин тавр ман, зани шавҳардори бе шавҳар писарчаамро дар хонаи модарам ба дунё оварда, тани танҳо бо сад ранҷумашаққат ба воя расонидам. Шавҳарам 10-соли расо дар зиндон монд ва дар ҳамон ҷо бар асари хунукӣ ва намии зиёд ба бемории сил гирифтор шуда, баъди ҷавоб шуда омаданаш ҳамагӣ 20-рӯз дар беморхонаи Мачитон хобида, ҷон ба ҷонофарин супурд. Ростӣ, ман эҳсос мекардам, ки шавҳарам 10 сол дар кунҷи зиндон нишаста солим бар намегардад ва дар тӯли 10соле, ки ӯ дар маҳбас буд, дар се ҷо кор карда, пуламро ҷамъ мекардам, то бо писари ягонаам дар кӯча намонам. Ҳамин тавр пули як дуҳуҷрагиро ҷамъ кардам ва баъди марги шавҳарам аз наздикии хонаи модарам хона харидам.
Хабари хона харидани маро шунида як хешамон, ки писараш ду маротиба зан гирифта, ҷудо шуда будааст, остонаи дари хонаи модарамро охурча кард. Вай ҳама гуноҳро ба гардани келинҳояш бор карда, аз писараш фаришта месохт ва мегуфт, ки бечора бачаашро ду зани шаттоҳ бехонаву бехонумон карданд. Ҳамин тавр қариб се сол омаду рафт карда, билохира дили модарамро ёфт ва “духтарам, ту ҳоло ҷавонӣ, то ба кай тани танҳо мегардӣ, ҳамин одам хешу табори худамон, биё бо писараш оиладор шав” гӯён, маро бо панду насиҳати зиёд ба издивоҷ бо ин мард, ки синну солаш аз 50-гузашта бошад ҳам, хонаву дар надошт, розӣ кунонданд.

Моҳҳои аввал шавҳарам мудом ба ман хушомад зада мегашт ва худро дар канори чунин марди меҳрубон бисёр хушбахт эҳсос мекардам, вале баъд ниқобаш афтида, симои аслиша намоён шудан гирифт. Маълум шуд, ки шавҳарам ба ғайр аз ду зани тоҷикаш, ки се-чортгӣ фарзанд доранд, боз як зани руси дигар низ доштаасту аз вай низ ду духтар дорад, бар замми ин, то ба ҳол духтарбозӣ мекардааст. Ҳамин хислатоҳояшро фаҳмида, дар дилам шубҳа пайдо шуд, ки оё ин марди булҳавас ба ман вафодор мемонад ё не. Ростӣ, ду моҳ боз модарам бемор аст. Азбаски хоҳарам дар Русия аст, парастории модарамро ба келин вогузор накарда, ман ҳамчун духтар худам ӯро нигоҳубин карда истодаам. Дар як ҳафта як бор ба хонаи худам рафта хонаҳоро тоза мекунам, либосҳои шавҳарамро мешӯям ва ягон хӯрок пухта дар яхдон мемонам, ки гурусна намонад. Ҳар бори рафтанам аз хона мӯйи сар, ягон таҳпӯш ё ҷӯроби занона меёбам. Ин чизҳо аз куҷо пайдо шуданд гӯям, шавҳарам қиёматро қоим мекунад, ки ту маро туҳмат карда истодаӣ. Хона фақат ду калид дорад, ки якгоаш дар дасти ману дигараш дар дасти шавҳарам аст, агар ӯ ба хона занҳои бегонаро наорад, пас мӯйи сар ва либосҳои заноонаи ношинос чӣ хел дар манзили ман пайдо мешаванд?! Гумон накунед, ки ман як зани бадрашк ва бадгумон ҳастам, тамоман рашк надорам, вале шарм надошта ба хонаи шахсии ман, ки бо меҳнати зиёд ва хуни ҷигар харидаам, “арӯс” овардани шавҳарам бароям сахт алам мекунад. Ғарию пезхезӣ гуфтагӣ барин, шавҳарам ду пояшро ба як мӯза андохта маро маҷбур карда истодааст, ки биё ЗАГС кунем. Мегӯяд, ки ту дили зиндагӣ кардан надорӣ, барои ҳамин бо ман ЗАГС ва маро дар хонаат “прописка” намекунию ҳар гоҳ, ки дилат хост, ду лагад зада аз дарат берун мекунӣ. Худованд шоҳид аст, ки ман нияти ӯро аз хона рондан адорам, вале метарсам, ки агар ҳамроҳаш ЗАГС ва шавҳари булҳавасмаро дар хонаам “прописка” кунам, бо ҳиллаву найранг худи маро аз хона берун насозад. Писарам имсол мактабро хатм кард ва худо хоҳад ду-се сол пас бояд ӯро оиладор намоям. Намехоҳам, ки аз пушти як марди сезана ва оимбоз шуда, писарам бе хонаву дар гардад.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бо шавҳари дуюмам ЗАГС ва ин марди булҳавасу занбозро дар хонаам “прописка” кунам ё не?


Нигора, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД