Бо касфатии модарам дар 17-солагӣ
соҳиби 3 фарзанд шудам, вале...
Ассалому алайкум бародарону хоҳарони гиромӣ.Аслан дар рӯи замин ягон инсони бе дарду бе ғам нест мегӯянд. Ман ҳам дар зиндагӣ дарде дорам. Дарди ятимиву бекасӣ.
Дар вақташ падарам модари маро партофта, зани дигар мегирад. Модарам “сағераатонро соҳиб шавед” гӯён, маро оварда, ба хонаи бибиам мепартояду худаш ба муҳоҷират рафта, он ҷо соҳиби шавҳару ду писар мегардад. Солҳо гузаштанд, ман то синни даҳсолагӣ дар хонаи бибии падариам калон шудам. Падарам тамоман ба ман аҳамият намедод. Ҳамсари наваш доимо ҷанг карда мегуфт, ки сағераатро аз ин хона дафъ кун. Билохира,маро маҷбурӣ ба хонаи бибии модариам оварда партофтанд.
Модарам аз Русия бо писаронаш омада, ба ман ҳатто нимнигоҳе накард. Бибиам гирякунон мегуфт,ки охир, ин духтар фарзанди ту аст, вале модарам ба шавҳараш гуфта будааст, ки фарзанд надорад ва гаштаву баргашта мегуфт, ки агар шавҳараш фаҳмад, ки духтар дорад, талоқашро медиҳад.
Хулоса, баъди чанде модарам бо шавҳару писаронаш аз шаҳр хонаи нав харида рафтанд, бибиам бошад аз ӯаму дарду алам бемор шуда, вафот кард. Тағоҳоям маро баъди марги бибиам маро азобу шиканҷа медоданд. Янгаи калониам доимо мегуфт, ки “духтар аст, боз бо ягон бачаи деҳа ягон кори баднакунад, ки шарманда шавем!”.
Ҳамин тавр маро дар синни 17- солагӣ ба як марди занмурдаи кӯдакор ба шавҳар доданд. Шукри Аллоҳ, ки ин мард хеле одами ботавфиқу худотарс баромад. Се фарзандашро мисли гул калон кардам, худам ҳам соҳиби ду фарзанд, як писару як духтар гаштам. Меҳри падару модарро аз шавҳарам дарёфтам. Аммо баъди солҳои зиёд модарамро ду писараш баъди вафоти шавҳараш аз дар берун карда гуфтаанд, ки рав ба хонаи духтарат. Модарам пиру пушаймонам ба хонаи мо омад. Ӯро роҳ додан нахостам, вале шавҳари меҳрубонам гуфт, ки савоб аст. Ӯ бадӣ карда бошад, ту бояд некӣ кунӣ. Ноилоҷ ӯро ба хона роҳ додам, аммо рафтору кирдори модарам маро сахт ба ғазаб меорад. Ба ҳама кори хонаам кордор аст, бо кӯдаконам ҷанг мекунад. Зуд-зуд қаҳру ароз карда, рафта дар назди ҳамсояҳо маро ғайбат мекунад. Зиндагии хушу хурсандонаи хонаводаи моро заҳр гардонидааст. Чандин бор насиҳат кардам, ки “Модар,ҳарчанд шумо ба ман модарӣ накардаед, ба хона роҳатон додам, илтимос, бо фарзандони ман созиш кунед!” Вале кампири ҷанҷолӣ ҳамоно аз одати бадаш намемонад. Писаронаш тамоман ӯро дидан намехоханд. Ман бошам, ҳайрону дилозурдаам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Аноргул