arzon replenishment
Бо гуноҳи бибӣ 5 кӯдак бе падар шуданду...
21.01.2023
ОИЛА
1246


Салом муштариёни сомонаи Оила. ТЧ! Мехоҳам саргузашти як дугонаи ҷониам, ки се фарзандро миёни роҳ намудаю хонаву дар ва шавҳарашро тарк кард, каме ҳам бошад барои шумо рӯи авроқи сафед орам то барои занҳои ҷавони шавҳардор дарси ибрат шавад.

Мавҷуда барвақт аз падар маҳрум шуд. Модари ҷавонаш Мавҷуда ва Мақсударо бо азобҳои алим ба воя расонд. Ҳар ду духтарашро бо номи нек ба шавҳар дод. Дар тӯи арӯсии духтаронаш ин модари бевазан он қадар ҷиҳози қимматбаҳое харид, ки ҳатто духтарони падардор орзуяшро карда наметавонистанд, вале...

Хулоса, апаву хоҳар пасопеш ба шавҳар баромаданд ва ҳар ду аз паси зиндагии худ шуданд. Вақте ки ин модар дар хона танҳо монд, дар борааш ҳар хел овозаҳо паҳн шудан гирифтанд. Баъзан Мавҷуда тариқи телефон ба ман дарди дил карда мегуфт, ки ин овозаву дарвозаҳо дар бораи модараш оқибат онҳоро хонавайрон мекунад. Хоҳарон аллакай яке соҳиби ду фарзанду дигарӣ соҳиби 3 фарзанд гашта буданд, аммо овозаҳо дар бораи модарашон ҳанӯзам тамомӣ надоштанд. Билохира шавҳари хоҳари Мавҷуда “ту ҳам ягон рӯз мисли модарат маро шарманда мекунӣ” гӯён, таоқи занашро дод.

Бало танҳо намеояд гуфтагӣ барин, дар ин миён шавҳари Мавҷуда дар Русия зани рус мегирад ва ин хабари нохушро шунида, дугонаи аз рашк девона шудаи ман барқасди шавҳараш бо ҷавони телефонӣ суҳбатҳои ошиқона мекардагӣ мешавад.

Дуздию ғарӣ таги саргин гуфтани калонсолон беҳуда набудааст, суҳбатҳои телефонии ин зани шавҳардор оқибат фош шуда, Мавҷударо низ шавҳараш талоқ дод. Акнун ин модару духтарон 5 кӯдаки хурдсолро ба танҳоӣ бо сад ранҷу азоб ба воя мерасонанд.

Ба андешаи ман дар бадбахтии Мавҷудаю хоҳараш модарашон гунаҳкор аст, агар дар вақташвай фикри зиндагии духтаронашро карда қадамашро дониста мегузошт, шояд панҷ кӯдаки бегуноҳ бе падар ва зиндаятим намегаштанд.
Моҳлиқо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД