Заррина ном дорам. Ду сол мешавад, ки шавҳарам вафот кардааст. Алҳол бо ду кӯдак дар хонаи хусуру хушдоман зиндагӣ дорам. Онҳо маро мисли фарзанди худашон дӯст медоранд. Пиру кампир хотири набераҳояшон тамоми хостаҳоямро муҳайё намуда, намегузоранд, ки хонаашонро тарк созам, вале модарам «ту ҳоло ҷавонӣ, ғуломи онҳо нашав» гӯён, ҳар гох моро хабаригрӣ ояд, ҷанҷол мебардорад. Волидонам дубора оиладор шудани маро мехоҳанд, вале ман дигар шавҳар карданӣ нестам. Оилаи шавҳарамро дӯст медорам, боварӣ дорам, ки пайвандони шавҳари ҷавонмаргам ва ду фарзандам фардо асои дами пириам мешаванд. Модарам инро фаҳмидан намехоҳанд, ҳар рӯз «умрат беҳуда мегузарад, духтар, тезтар ба хонаи худамон баргашта шавҳар кун» гуфтанаш ҷонамро ба лабам расонидааст.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?