Духтари шаҳрӣ ҳастаму дар идораи бонуфузе кору фаъолият менамоям. Худро таъриф карданӣ нестам, вале бо дили пур гуфта метавонам, ки тарзи либоспӯшии махсус дорам, мӯдро хуб мефаҳмам, ба ҳар чизи дидаю шунидаам кӯр-кӯрона тақлид намекунам. Дугонаҳо, ҳамсоядухтарон ва баъзе ҳамкоронам вақти харидани либос маслиҳати маро пурсон мешаванд. Баъди ба корхона омадани ҳамкори навамон бо номи Дилбар муносибатҳои ҳамкорон тағйир ёфт, ҳама ба ҳамдигар гӯё душман шуданд. Ин ҳамаро сабаб Дилбари хабаркашу ғайбатчист. Дилбар маро ҳам ғайбат карда, дар ғайбам ҳар гап мегуфтааст. Борҳо хостам ба вай фаҳмонам, ки бо чунин рафтораш дар ин коллектив монда наметавонад, аммо боварӣ дорам, ки бо дуруштӣ бо ӯ гап зада наметавонам. Ба фикри шумо минбаъд бо Дилбар дигар гап назанам ё бо ӯ созиш кунам?
Суман, шаҳри Душанбе.