goodwell
Бо дастури Президент ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ туҳфа медиҳанд
49

Бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 50 ҳазор сомонӣ мукофот медиҳанд. Маблағи мазкур то ҷашни Рӯзи Ғалаба - 9-уми май ба ҳамаи собиқадорони ҶБВ супорида мешавад.

Тавре масъулини Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат гуфтаанд, аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон танҳо 8 нафар боқӣ мондаанд. Соли гузашта шумораи иштирокчиёни ҶБВ 17 нафар буд, вале тӯли як сол 9 нафарашон аз олам даргузаштанд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ мукофот ҷудо шуда буд. Илова бар ин, ҳар сол ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони ҶБВ, ки дар минтақаашон зиндигӣ мекунанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи муайянеро тақдим менамоянд. Аз ҷумла, имсол ҳукумати вилояти Суғд ба иштирокчиёни ҶБВ дар ин минтақа, ки ҳамагӣ 2 нафар мондаанд, 25 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст, ҳамзамон ба 39 нафар ширкаткунандагони ақибгоҳ ба ҳар яке 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД