toyota motors
Бо автобуси ройгон ба Ҳисор рафта, футболи тими Тоҷикистонро бо Ҳиндустон тамошо кардан мехоҳед?
144

Имрӯз, 9-уми июн, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни Тими миллии Тоҷикистон ва дастаи Ҳиндустон бозии футбол баргузор мегардад.

Мухлисоне, ки мехоҳанд бозиро аз наздик тамошо кунанд, бо 5 автобусе, ки махсус аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шудааст, метавонанд ба таври ройгон ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, аз дидани ин рақобати шадид лаззат баранд.

Автобусҳо соати 17:30 аз назди Варзишгоҳи марказии пойтахт ба самти Варзишгоҳи марказии Ҳисор ҳаракат мекунанд ва пас аз анҷоми рақобати дастаҳо, соати 22:00 мухлисонро аз Ҳисор ба шаҳри Душанбе бармегардонанд.

Арзиши чипта барои тамошои бозӣ 20 сомонӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД