Ман дар Фаронса муҳоҷир ҳастам. Бо як ҳамкорам, ки ҳамҷинсгаро аст, иҷора мешинам. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ ба ман ишораи бад накардааст. Як рафиқи тоҷикам вақте инро фаҳмид мегӯяд, ки кофир мешавам. Оё бо ҳамҷинсгаро дар як хона иқомат кардан ҷоиз аст?
Саидҷалол, ш. Париж.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Як нафар бо ин савол ба шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин низ муроҷиат кардааст. Шайх чунин посух медиҳад: “Агар нафси ӯ аз фитна эмин бимонад, ҳеҷ боке надорад”. Яъне, агар он нафар ба шумо эҳсоси нафсонӣ надошта бошад, бо ӯ дар як хона иқомат кунед.