arzon replenishment
Блогерони тоҷик беш аз 27 миллион сомонӣ даромад ба даст овардаанд
252

Блогерони тоҷик дар соли 2024 беш аз 27 миллион сомонӣ даромад гирифтаанд, ки ин рақам ба 2,4 миллион доллар баробар мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Кумитаи андоз маълумот доданд.

Блогерон аз ҳисоби даромадҳои ба даст овардаашон соли гузашта ба буҷаи ҷумҳурӣ 2,2 миллион сомонӣ андоз супоридаанд. Дар ҳамин ҳол, баъзе блогерон аз кам шудани даромадашон шикоят мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки айни замон дар Тоҷикистон 114 нафар ҳамчун блогер расман сабти ном шудаанд, ки назар ба соли гузашта 26 кас зиёдтар мебошад. Сабти номи блогерон дар Тоҷикистон аз соли 2020 бо зиёд шудани сафи блогерон оғоз ёфта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД