Блогинг самтҳои гуногун дорад. Агарчи ин соҳа дар кишвари мо нав аст, аммо бо суръати баланд рушд карда истодааст. Яке аз самтҳои хеле зуд рушдкардаи блогинг дар мо ин блогҳои омӯзишӣ ҳастанд, махсусан, муаллим-блогерони забони англисӣ, ки ҳам хеле зиёданд ва ҳам барои забономӯзон хизмати калон карда истодаанд.
Саъдӣ Тоирзода, ки дар Инстаграм аз ҷумлаи аввалин блогерон бо муҳтавои омӯзиши забони англисӣ аст, обуначиёну шогирдони зиёд дорад. Ӯ дар саҳифааш доир ба муҳимияти омӯзиши забони англисӣ наворҳои гуногун нашр мекунад. Ҳамчунин, кори нав ва ҳамзамон хеле заруриву саривақтии ӯ нашри китоби “1001 калимаи зарурӣ” аст.
Мо бо ин муаллим-блогер, ки дар ҳоли ҳозир дар фазои маҷозӣ хеле маъруф асту шогирдони зиёд дорад, доир ба аҳамияту зарурати китобаш суҳбат кардем, ки фикр мекунем барои забономӯзон муфид хоҳад буд.
- Идеяи навиштани китоби “1001 калимаи зарурӣ” чӣ гуна пайдо шуд?
- Асосан, идеяи навиштани китоби мазкур аз саволҳои бешумори забономӯзон сарчашма мегирад. Тавре медонед, мо дар Инстаграм фаъол ҳастем ва онҳое, ки ба омӯзиши забони англисӣ рағбат доранд доимо дар иртибот мешаванд. Онҳо бисёр мепурсанд, ки “Кадом калимаҳоро аз худ кунем?” “Оё ҳаст ягон китоби махсус ё рӯйхати калимаҳои лозима?” Албатта, китобҳо ҳастанд, аммо дастрас кардан мушкил аст ва аксари онҳо китобҳои англисӣ – ба англисӣ ҳастанд, ки забономӯзони мо хуб фаҳмида наметавонанд. Ин ҳамаро фикр карда, рӯзе бо дӯстам Шерзод Тағоймуродов, ки муаллими забони англисӣ ҳастанд, нақшаи навиштани китобро таҳрезӣ кардем ва ин корро амалӣ намудем.
- Китоби мазкур ба хонанда чӣ медиҳад ва он дар худ чӣ дорад?
- Ба хонандагон калимаҳое пешниҳод гардидаанд, ки хеле зарурӣ ҳастанд. Барои мисол, дар дилхоҳ марказ, мактаб ё донишгоҳ агар ба омӯзиши забони ангилсӣ оғоз кунед, калимаҳоеро аз худ мекунед, ки мо дар китоб овардаем. Калимаҳои хеле сода ва рӯзмарраанд, ки мо ҳар рӯз истифода мебарем. Ҳамчунин, бояд бигӯем, ки дар ин китоб калимаи холӣ ва тарҷумаи калима нест. Мо дигар чизҳои осонкунандаи азхудкунии калимаҳоро иловаҳо кардем. Барои ҷойи дурусти калимаро фаҳмидан, мо ҷумлаҳо ворид кардем. Боз хостем, ки содатар шавад, тарзи хондани калимаҳоро бо ҳарфҳои тоҷикӣ ворид намудем. Ва боз ҳам барои кумаки бештар расонидан ба забономӯзон, тарҷумаи русии калимаҳоро низ ворид кардем. Метавон гуфт, ки ин китоб 1001 калимаи зарурии англисӣ ва русӣ аст. Баъди чопи якум, боз дар китоб тест илова кардем, ки хонанда метавонад баъди ҳар як 100 калимаи омӯхтааш худро бисанҷад.
- Зарурати доштани китоби мазкур дар чист, яъне чаро бояд ҳар забономӯз онро дошта бошад?
- Тавре дар боло гуфта гузаштем, дар китоб калимаҳое ҷамъоварӣ шудаанд, ки дилхоҳ забономӯз бояд омӯзиши забони англисро аз онҳо оғоз кунад. Ба мисли рафтану омадан, хӯрдану нӯшидан, падару модар, оилаву мактаб ва ғайра. Яъне, ҳар касе, ки забон омӯхтан мехоҳад, хоҳ нохоҳ ба ин калимаҳо дучор меояд ва агар тавассути китоби мо онҳоро аз худ кунад, барояш тай кардани ин роҳ хеле осон мегардад. Мо омӯзиши забонро содафаҳм кардаем.
- Ин китобро дар чанд муддат навиштед ва маълумоташро аз кадом манбаъҳо дастрас кардед?
- Дар умум иншои китоб тақрибан шаш моҳ тӯл кашид. Кори асосӣ ва ҷамъоварии калимаҳоро Шерзод Тағоймуродов карданд. Мо бошем, бештар ба он кас манбаъ равон карда, тартиби калимаҳоро интихоб намуда, чӣ доштану надоштани китобро назорат мекардем. Дар охир, банду баст карда, барои чоп омадо намудем. Манбаъҳои истифодашуда гуногунанд. Аксар аз китобҳои дарсии ба мисли “English File”, “Headway”, “4000 essential words” ва якчанд сомонаҳои мухталифи интернетӣ ҳастанд.
- Ин китоб барои синну соли муайян пешниҳод мегардад?
- Хонандаи китоб дилхоҳ нафар шуда метавонад, синну соли муайян надорад, зеро хеле сода аст. Фарзандони худам, ки 2, 4 ва 6 сол доранд, аз ин китоб калима аз худ мекунанд ва он ҳам бо интихоби модарашон, ки кадом калимаҳоро кӯдак метавонад истифода барад. Агар духтари хурдиам, ки 2 сол дорад, бо ин китоб забон омӯзад, пас ҳама метавонад.
- Метавонем китоби мазкурро ёрирасон ба омӯзгорон низ бигӯем?
- Бале, метавонем, зеро дар ҳақиқат ёрирасон аст. Аксари муаллимоне, ки мешиносам, ба хонандагонашон ин китобро тавсия медиҳанд ва худашон низ истифода мебаранд. Якчанд пешниҳодҳои хуб низ аз тарафи муаллимон гирифта будем, ки барои беҳтар кардани китоб кумак карданд.
- Шумо шахсе ҳастед, ки дар фазои маҷозӣ омӯзиши забони англисиро хеле тақвият додед. Ҳам забономӯзонро зиёд кардед ва ҳам муаллимонро. Чаро тасмим гирифтед, ки китоб чоп кунед, дар ҳоле ки бештар ҳоло хонандагонро талқин мекунанд, ки ба омӯзиши электронӣ гузаранд?
- Новобаста аз пешравӣ ва тарақиёти омӯзиши онлайнӣ китоб ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Ҷойи китобро, махсусан китоби чопиро китобҳои электронӣ гирифта наметавонанд. Ба ин фикрам ҳастам, ки китоб доим ҷойи махсуси худро хоҳад дошт. Агар китоб дар телефон бошад, дар он ҷо халалрасонӣ зиёд аст, барои мисол паёмаке меояд ва фикр парешон мешавад. Ба ҳар ҳол, мо барои онҳое, ки китоби моро ба шакли электронӣ хондан мехоҳанд, роҳи дигарро пешниҳод мекунем. Мо барномаи хубе сохтем бо номи “Вожаомӯз”, ки ҳоло дастрас аст ва дар баробари имконоти хеле зиёдаш, инчунин, китоби “1001 калимаи зарурӣ”-ро низ дорад, ки забономӯзон метавонанд истифода бубаранд.
- Аз нигоҳи шумо чопи китоб ва доштани китоби чопӣ дар замони имрӯз барои забономӯзон то чӣ андоза муҳим аст?
- Доштани китоб асоси омӯзиш аст. Бе китоб забонро аз худ кардан ғайриимкон мебошад. Фикр мекунам, ки хеле муҳим аст доштани китоби чопӣ, зеро дар муассисаҳои таълимии мо истифодаи телефони мобилӣ иҷоза нест. Боз умри китоби чопӣ дароз аст. Як кас мехарад, чанд кас мутолиа мекунад.
Дар ин росто, биёед назар кунем ба мардуми Амрико. Бо вуҷуди давлати пешрафта будан ҳам, 65 фоизи хонандагони амрикоӣ китобҳои чопиро меписанданд. Дар Амрико дар як сол 300-350 ҳазор китоби нав чоп мекунанд, китобҳои бознашр ҳисоб нестанд. Дар масъалаи чопи китоб Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҷойи якум меистад. Солона 400 ҳазор китоби нав чоп карда мешавад. Пас, мо ҳам бояд барои китобҳои ёрирасонро чоп кардан кӯшиш кунем ва то қадри имкон саҳмгузор бошем.
- Дар масъалаи иҷозату назорат. Оё аз масъулини соҳаи маориф доир ба ин китоб назаре дода шудааст?
- Мо иҷозатномаи нашриёти “Ирфон”-ро дорем. Инчунин, онро дар Китобхонаи миллӣ ба қайд гирифтем ва инҳо дар саҳифаи аввали китоб нашр шудаанд.
- Китоби мазкур аввалин кори шумост, дар оянда қисмҳои навбатиашро нашр кардан намехоҳед?
- Нақшаҳо хеле зиёданд. Қисми дуюми китоб бо номи “2002 калимаи зарурӣ” аллакай ба чоп омода аст ва Худо хоҳад, моҳи октябр ба хонандагон дастрас мегардад. Ҳамчунин, боз ду китоби дигар дар арафаи чоп ҳастанд. Якум, “1001 калимаи зарурии забони олмонӣ”, ки якҷо бо муаллими таҷрибадори англисӣ-немисӣ Зиёвуддин Рабиев навиштем. Дуюмаш “1001 калимаи зарурии забони хитоӣ” ном дошта, бо дӯстам Сиёвуш, ки айни ҳол дар Чин донишҷӯ аст ва ҳам забон меомӯзаду ҳам меомӯзонад, навиштем.