Дирӯз, 22-юми апрел дар факултети математика-информатикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бахшида ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” дар мавзуи “Такмили методикаи таълими илмҳои дақиқ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” конфронси илмӣ-амалӣ барои устодон, унвонҷӯёну магистрантон ва донишҷӯён баргузор намуд.
Мудири кафедраи математика ва информатикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Мӯҳсин Примов зимни баромад дар чорабинии мазкур аз ҷумла зикр намуд, ки “дар доираи Бистсолаи омӯзиш, истифодаи васеи технологияҳои муосири таълимӣ ва рақамисозии муҳити таълимӣ танҳо тавассути донишҳои риёзӣ ва фанҳои дақиқ самарабахш мегардад. Рушди самараноки фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш равияи нав мебахшад. Ин раванд на танҳо сифати таълимро баланд мебардорад, балки иқтидори илмӣ ва зеҳнии ҷомеаро низ тақвият медиҳад”.
- Ҳадафи дигари муҳим дар чаҳорчӯби “Бистсолаи омӯзиш” ин рушди тахассусҳои рақамӣ ва таҳияи инфрасохтори муосир барои пайвастшавии кишвар ба иқтисоди рақамии ҷаҳонӣ мебошад. Фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ бо истифода аз манбаъҳои иттилоотӣ, ба таҳкими рушди соҳаҳои интелекти сунъӣ (IT), робототехника, таҳлил ва коркарди маълумотҳо мусоидат мекунанд. Дар айни замон, барои амалӣ кардани ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш», мо бояд омӯзишро ба як соҳаи амиқ ва мутобиқ бо муваффақияти глобалӣ табдил диҳем, ки на танҳо донишҳоро дар соҳаҳои гуногун густариш медиҳад, балки барои шогирдон ва донишҷӯён имкониятҳои навро барои рушд ва омодагӣ ба як ояндаи равшан фароҳам меорад,- афзуд ӯ.