Arzon march 2024
Бисквити шоколадӣ бо кефир
2104

Маҳсулоти лозима:

330 грамм орд, 25 грамм какао, 2 қошуқча моддаи ковоккунанда, ванилин, каме намак, 280 мл кефир, 250 грамм шакар, 150 грамм равғани маска, 100 мл равғани растанӣ, 3 тухм.

Тарзи таҳия:

Равғани мулоимшудаи маскаро бо шакар лат зада истода, ба он тухмҳоро яктогӣ илова кунед. Равғани растанӣ ва кефирро илова карда, баъдан орду какао ва моддаи ковоккунандаро илова карда, ҳамаашро омезиш диҳед. Хамирро ба се қисм ҷудо карда, дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 25 дақиқа пазед. Пухтани бисквитро бо чӯби гӯгирд санҷида бинед. Агар чӯбча хушк бошад, бисквит пухтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД