“Бишарифаи 8 солаи тоҷик аз ҷониби сарбозони қирғиз кушта шудааст. Дар ин бора шуъбаи маорифи ноҳияи Б. Ғафуров хабар додааст.
Бишарифа Воҳидова сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар натиҷаи ҳамлаи сарбозони Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон, кушта шудааст. Ӯ дар синфи 2 таҳсил мекард ва 16-уми сентябр дар пайи тирборони деҳаи Хистеварз аз ҷониби низомиёни қирғиз, кушта шудааст.
“Бишарифа духтараки фаъолу аълохон буд. Хаёлоти рангине дошт, ки абадан хомӯш шуд. Дили ҳамаи мо, омӯзгорон реш - реш аст”, - навиштааст шуъбаи маорифи ноҳия.
Бишарифа сеюмин кӯдаке аст, ки куштори ӯ дар пайи ҳамлаи нерӯҳои қирғиз ба хоки Тоҷикистон таъйид мешавад. Қаблан мақомоти тоҷик дар бораи кушта шудани Асмоахони 6 ва Имрони 5-сола иттилоъ дода буданд.
Тибқи омори расмӣ дар марзӣ 41 сокини Тоҷикистон куштаву даҳҳо хона вайрон шуданд.