Arzon march 2024
Биҳоҷал Раҳимова 80-сола шуд!
2276

Имрӯз яке аз занони номдори тоҷик-Биҳоҷал Раҳимова, ки барои миллат хизматҳои зиёде кардааст, ба синни мубораки 80-солагӣ расид.

Ин зани шуҷоъ ва шердил умри бобаракати худро сарфи хизмат ба ватан ва халқ намуда, дар вазифаҳои баланди роҳбарикунанда кор кардааст.

Биҳоҷал Раҳимова, соли 1941 дар деҳаи Ёваи собиқ вилояти Ленинобод ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна соли 1958 ба Институти политехникии Тоҷикистон дохил мешавад.

Минбаъд маҳорату кордониаш ин бонуи боғайратро ба зинаҳои баланди роҳбарикунанда расонд. Ӯ аз ҷумлаи занҳои ташкилотчигӣ ва кордон буда, соли 1965 бо дарназардошти ҳамин бартариҳояш ба кори комсомолӣ пешбарӣ гаштааст. Баъди чанд муддат Биҳоҷал Раҳимова котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе интихоб мешавад.

Солҳои 1970-1974 ин зани кордон котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон буд. Ҳамин тавр фаъолияти минбаъдаи Биҳоҷал Раҳимова пурра ба корҳои масъули ҳизбӣ ва роҳбарӣ равона гашта, соли 1989, баъди депутати халқии СССР интихоб шуданаш, ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии СССР оид ба корҳои занон, ҳифзи модарон ва кӯдакон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар соли 1990 бошад, ӯро котиби КМ ПК Тоҷикистон интихоб карданд.

Соли 1991 Биҳоҷал Раҳимоваро ба вазифаи хеле масъулиятнок - муовини сарвазир пешбарӣ намуданд. Пасон то соли 1992 мудири шӯъбаи барномаҳои иҷтимоии Кумитаи иқтисодии байни ҳукуматии Иттифоқи Давлатҳои мустақил(СНГ) ва муовини вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1993-1995 ба ҳайси мушовири раиси Вилояти Ленинобод, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо мутахассисони ҳукумати Вилояти Ленинобод фаъолияти хешро идома додааст.

Аз соли 1995 то соли 1998 биҳоҷал Раҳимова Директори генералии заводи Садаф буд. Пас аз ин дар Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият намуда, баъдан сарвари иттиҳодияи ҷамъиятии «Чашмаи хаёт» таъин гашт, ки бо масоили занон сару кор дошт.

Биҳоҷал Раҳимова таи солҳоифаълияташ дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва берун аз он худро ҳамчун сарвари покизакор, навҷӯй, софдил, масъулиятшинос ва хоксору меҳрубон нишон дода, ба халқу Ватан сидқан хизмат менамуд ва соҳиби эҳтироми бузурге гашт.
Хизматҳои Биҳоҷал Раҳимоваро ба назар гирифта, ин зани кордонро бо мукофотҳои арзандаи ҳукуматӣ ва ифтихорӣ аз ҷумла унвони корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён», медали ҷашнӣ ба муносибати 100 солагии В.И.Ленин ва ғ0айра қадрдонӣ намудаанд.

Ҳайати эҷодии сомонаи ОИЛА. ТҶ ин бонуи шуҷоъро ба синни мубораки 80-солагӣ муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат ва давлати безаволи пириро таманно доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД