Sebiston new 2024 october
Бинои нави донишгоҳ ба фаъолият оғоз мекунад
719

Аз он ки духтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ донишгоҳро хатм мекарданду ба маҳалли зисташон барнамегаштанд, тасмим гирифта шуд, ки ҷавонписарон низ бо квотаҳо ҷалб шаванд. Аз 254 донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ хатм кардаанд, 50 фисад духтарон ва боқимонда писарон мебошанд. 

Гулзода Маҳмадшоҳ, Ректори Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон, ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ин нуқтаро дар нишасти хабарии имрӯза қайд кард.

Аз 1874 хатмкунандагони донишгоҳи мазкур 44,7 фоизи онро духтарон ташкил медиҳанд. 

Хабари муҳиме, ки дар ин нишаст қайд карда шуд, анҷомёбии сохтмони бинои нави донишгоҳ буд, ки моҳи апрели соли 2017 дар "Маркази шифобахш" бо иштироки Президенти кишвар ба сохтмонаш оғоз шуда буд. Бинои мазкур аз 9 ва 4 ошёна иборат мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД