Шурӯъ аз ҳамин ҳафта, номнавис кардани шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани билети бозгашт аз Русия ба Ватан бекор карда шуд. Аз ин ба баъд муҳоҷирон метавонанд озодона аз фурудгоҳҳои Русия чипта харидорӣ кунанд аммо…
Тавре Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ, гуфтааст, муҳоҷирон метавонанд барои роҳёфтан ба парвозҳои чартерӣ билетҳоро аз понздаҳ нуқтаи фурӯш дар Русия, аз ҷумла шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, дастрас кунанд. Ин тасмим аз 16-уми ноябр ба ҳукми иҷро даромад. Акнун тавре коршиносон мегӯянд, "тӯб танҳо ба як дарвоза медарояд". Яъне, мисли он ки дар даромадгоҳи қабристон мегӯянд, "Ассаломуалайкум аҳли қубур, аз мо омадан ҳастуаз шумо рафтан не…"
Русия бо тасмими он, ки фурӯши билет бе навбат ба ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, ба рейсҳои чартерии худ иҷозат дода, бо як тир ду нишон мезанад. Аввалан, даромади ширкатҳои фазонавардии худро афзоиш медиҳад, дуюм аз муҳоҷирон халос мeшавад. Зеро муҳоҷири ба Тоҷикистон омада, агар шаҳрванди он кишвар набошад, наметавонад дубора ба он ҷо бо рейсҳои чартерӣ баргардад. То имрӯз ҳатто донишчӯёне, ки дар мактабҳои Русия таҳсил мекарданд, аз чунин имконият маҳруманд. Хатсайрҳои маъмулӣ бошанд, гумон аст, ки ба ин наздикиҳо кушода шаванд.
То ин замон хоҳишмандони бозгаштаз Русия ба Тоҷикистон аввал худро дар намояндагиҳои расмии кишвар сабти ном карда, танҳо дар сурати расидани навбат билет мехариданд. Баъзе аз онҳо аз шеваи номнависӣ, навбати дароз дар назди сафорат, вучуди миёнравҳо ва нархи гарони билет шикоят доштанд. Аммо ин нарх бо иҷозатномаи фурӯши озоди чиптаҳо низ арзон нахоҳад шуд.
Намояндаи як ширкати ҳаво дар Тоҷикистон гуфта буд, ки азбаски ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия холӣ рафта, аз он ҷо шахрвандонро меоранд, нархи билету хадамот 40 дарсад бештар мешавад ва ин ҳолат баъд аз он, ки тайёраҳои чартерии русӣ шумораи зиёди муҳоҷиронро меоранд, боз ҳам афзоиш хоҳадёфт.
Дар мавриди он ки парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистону Русия кай аз сар гирифта хоҳад шуд, Душанбе чизе намегӯяд. "Росавиатсия" бошад, мегӯяд, ки ду тараф дар ҷаласаи рӯзи 11-уми ноябр дар ин бора ба ягон мувофиқа на- расидаанд. Аммо ба андешаи коршиносон он, чӣ ҳоло барои муҳоҷирон хурсандӣ меорад, яъне фурӯши озоди чипта ва бозгашт ба Ватан, минбаъд ба- рояшон ба мушкилоти ҳалношуданӣ мубаддал мегардад. Ба хотири як бор "аз ҳавои Ватан нафас кашидан" шуда, аввал ин,ки муҳоҷир имкони бозгаши дубора ба ҷои кори худро намеёбад, сониян агар ҳатто баъд аз чанд моҳ дар ин ҷода комёб шавад ҳам, аллакай ҷои кори худро аз даст медиҳад ва он ҷоро ягон ӯзбекуқирғиз ва ё вет- намию молдован гирифтааст.
Муҳоҷири тоҷик дар беҳтарин ҳолат бо маоши андак кӯчарӯби Собянин мешавад. Баъзе аз нафароне, ки ин хабарро аз сомонаи "пресса.тч" хондаанд, ба идора занг зада гуфтанд, ки чаро шумо мегӯед, ки Русия баъд аз кам шудани шумораи муҳоҷирон ба мушкилоти норасоии кувваи корӣ дар сохтмон ва кормандони сохаи беҳдоштӣ мувоҷеҳ гаштаасту аммо ҳоло боварӣ доред, ки агар муҳоҷир аз Русия дар ҳолати ҷорӣ нагардидани рейсҳои маъмулӣ баргардад, дигар ҷои корӣ намеёбад?
Чунин нафарон бояд донанд, ки алҳол барои ба Русия баргаштан ягон имкон нест ва танҳо Худо медонад, ки Русия кай ва бо кадом шарт дарвозаҳояшро ба рӯйи муҳоҷирон боз мекунад? Ҳоло дар Русия сатҳи бекорӣ дар байни аҳолии таҳчоӣ хеле боло рафтааст ва ҳукумат маҷбур аст ба онҳо ҷойҳои кории "пасттар" пешниҳод кунад, ки онро тоҷикон партофта рафтаанд. Зеро афзудани сафи бекоронро хукуматдони ин кишвар эътироф мекунанд ва бо вуҷуди норасоии кувваи корӣ он қадар ҷонибдори ин нестанд, ки муҳоҷирон баргарданд. Аммо сектори хусусӣ, ки солҳо инҷо- ниб аз меҳнати арзони муҳочирон истифода мебурд, воқеан ҳам, аз норасоии қувваи корӣ шикоят мекунанд.
Яъне, дар Русияи имрӯза агар барои як гурӯҳ муҳоҷир "меҳмони дилхоҳ" бошад, барои ҳукуматдорон "меҳмони нохонда" боқӣ мемонад.
Пас, як муддат сабр кардан беҳтар нест, ки ҳам аз "ҷои гарми" худ беҷо нашавиҳам дар Ватан аз бекорию бепулӣ дилбазани наздикони худ нагардӣ? Дар чунин ҳолатҳо шоҳмотбозон мегӯянд: "Навбати гашт аз шумост ё мот мекунед ё мот мешавед…