Ман Тоҷинисои Данғарагӣ мебошам. Мехоҳам бо кӯмаки «Оила» ба дугонаам маслиҳат диҳам.
Дугонаам зани ҷавону зебои чолок ва панҷ панҷааш ҳунар аст. Модари ду фарзанд бошад ҳам, шавҳараш ба қадри ваю бачаҳояш нарасида бевабозӣ карда мегашт. Дар Роғун кор мекарду дар як моҳ танҳо 15 рӯз дар хонааш буд. Дар Роғун бева доштани шавҳарашро шунида, дугонаам аз рашк девона шуд. Агенти КГБ барин мудом аз паси шавҳараш поида мегашт.
Борҳо насиҳаташ кардам, ки қадам ба қадам аз паси мардак гашта худашро паст назанад, чунки оқибати хуб надорад, вале ба гапам гӯш накард. Оқибат мардак ҷонбезор шуда, ба Русия рафт. Дугонаам гумон мекунад, ки шӯяш беваашро ҳам бо худ бурдааст, аз рашк на шаб хоб дораду на рӯз. Шавҳари беномусаш на парвои ӯ дораду на фикри бачаҳояшро мекунад, дугонаи беномусам бошад, аз рашку алам девона шуда, бачаҳояшро дар хонаи падару модараш партофта, аз паси ҳамон хиёнаткор ба Русия рафтанист.
Азбаски мо дугонаҳои ҷонием, дилам ба ҳолаш месӯзад. Медонам, ки агар ба Русия шӯкобӣ равад, шавҳари номардаш албатта дар ҳаққи ӯ ягон туҳмат мебофад. Барои ҳамин аз минбари СОМОНАИ «ОИЛА» гуфтаниям:
-Дугонаҷон, бало ба паси ҳамон марди зангадо гӯю бачаҳоятро таги қанотат гирифта ба воя расон, то фардо такягоҳат шаванд. Шӯят як умр дар мулки бегона кайфу сафо карда гашта наметавонад, пулаш, ки тамом шуд, беваҳо ба кунаш ду лагад зада пеш мекунанд. Он вақт боз ба ту зор мешавад ва бо пойи худаш баргашта, дар пеши поят меафтад. Худатро беҳуда дар назди як номард паст назан!
Мухлиси доимии «Оила»