Азизи аз чашм дурам Манучеҳр! Аз рӯзе, ки ту ба Русия рафтӣ, ҳоли ман харобу рӯзам сиёҳ шуд. Ба умед будам, ки ба донишгоҳ дохил мешаваму падару модарам фикри ҷавон ба шавҳар додани маро аз сарашон дур мекунанд, вале аз имтиҳон нагузашта, бо дили хунчакон ба деҳа баргаштам.
Ба ту ваъда дода будам, ки ду сол интизорат мешавам, аммо баъди аз донишгоҳ афтидан падару модарам дар фикри ба шавҳар додани ман афтидаанд. Писари ҳамсояамон Ҳасан падару модарашро ба хонаамон хостгорӣ фиристод. Волидонам хостгории ҳамсояро рад карданӣ нестанд. Касе маро шунидан намехоҳад. Падарам телефонӣ суҳбат карданамро шунида, телефонро аз дастам кашида гирифт ва қасам хӯрд, ки барқасди Манучеҳри дар ба дарат туро ба шавҳар медиҳам.
Замоне, ки дар деҳа будӣ, дилам пур буд, ки барои хушбахтиамон мубориза бурда, маро аз худ мекунӣ, вале акнун диламро гургон тала карда истодаанд, ки моро зӯран аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Метарсам, ки то баргаштани ту маро ба шавҳар медиҳанду то охири умрам дар ғамат месӯзам.
Баргард Манучеҳрҷон ва маро аз бадбахтӣ наҷот деҳ!
Муқаддас, аз н. Рашт