Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ёфт шудани ҷасади се зан аз дарёҳои кишвар хабар додааст.
Тавре ки манбаъ менависад, рӯзи 29-уми июн як зани 59-сола аз ҷамоати деҳти Золи Зари ноҳияи Балхӣ ҳамроҳи набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ҳангоми бозгашт аз ҳезумчинӣ аробаи пурбор чаппа шуда, зан бо наберааш дар коми амвоҷи пуртуғёни дарёи Вахш ҷон ба ҷонофарин супурдаанд. Ду набераи дигар марҳум тавонистаанд ҷон ба саломат баранд.
Дар ҳамин ҳол, ҷисми бе ҷони боз як духтари 15-соларо дар деҳаи Гулистони ноҳияи Ҳамадонӣ пайдо кардаанд. Духтарак дар заҳбури Оби Сиёҳ ғарқ шудааст.
Ҳамасола дар фасли тобистон ҳодисаҳои нохуши ғарқшавии одамон дар оби дарёву рудҳо рӯ ба афзоиш мениҳанд. Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аллакай ҳудуди 70 нафар дар дарёҳо ғарқ шудаанд, ки 40 нафарашон ноболиғон мебошанд.