Formula novemver 2024
БИБИЯМ ШАВҲВАРАМРО "ҲЕЗ" ГУФТУ...
6021

“Мегӯянд ягон падар ё модар бадбахтии фарзандашро намехоҳад, вале баъзан волидон ба таври худ ғами ояндаи дурахшони ҷигарбандонашонро хӯрда, коре мекунанд, ки ба ҷойи бахт ба фарзандашон танҳо бадбахтию сарсонӣ меорад” гӯён, қаҳрамони қиссаи навбатиамон Мафтуна ба нақли сарнавишташ оғоз намуд.

Тақдири ин духтараки дар айни гулгулшукуфоии ҳаёт аз зиндагӣ дилшикаста гашта ба дигар падару модарон дарси ибрат шуда метавонад, аз ҳамин хотир сарнавишти ӯро рӯйи коғаз овардем.

Лайлию Маҷнуни сонӣ

Аз овони мактабхонӣ ба ҷавоне аз ҳамсояқишлоқамон дил баста будам. Муҳаббати мо ҳаваси давраи ҷавонӣ не, ишқи ҳақиқӣ буд. Дӯстдоштаам пас аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуд. Аз шаҳр, ки омад, аввал маро дида, баъд ба хонаи волидонаш мерафт. Ишқу муҳаббати мо кайҳо дар деҳа овоза шуда, бисёриҳо ҳавас мекарданд, ки аҷаб ҷуфти мувофиқу муносиб ҳастем.

Душмани худӣ

Ягона шахсе, ки ба муҳаббати мо зид баромад, модаркалонам буд. Аввалҳо кампир аз рӯйи мақоли машҳури халқии “Дар ба ту мегӯям, девор шунав” амал намуда, пичингу киноя мезад, баъд ошкоро ба ҳуҷум гузашт. Бибиам ҳар рӯз бо ягон баҳона хӯроки мехӯрдаамро дар тани ман заҳр карда, бо неши забонаш диламро мехарошид, вале хотири мӯйи сафедаш дар ҷавоби суханони талху нешдораш чизе намегуфтам. Модаркалонам дид, ки бо киноя ҳеҷ ба мақсад намерасад ва мустақилона маро аз дӯстдоштаам ҷудо карда наметавонад, мисли агенти КГБ самти амалиётро дигар намуда: “духтарҳои инзамона ақл надоранд, аслу насаби ҷавонро пурсуҷӯ накарда, ошиқу маъшуқ мешаванду баъд оби чашмашон дар бари рӯ якумр бадбахту сарсон мешаванд” гӯён, падарамро ба муқобили ишқи поки ману Сорбон шӯронданро сар кард. Аввалҳо волидонам ба гапҳои кампир чандон аҳамият намедоданд, аммо баъд...

Сорбон ба қавлаш вафо кард, вале...

Сорбон ба қавлаш вафо карда, баробари мактабро хатм намуданам ба хонаи мо хостгор фиристод. Бечора падару модараш бо дастурхонҳои калон-калони пур аз кулчаю тӯша ва қанду мавиз омада бошанд ҳам, волидони ман бо иғвои бибиам онҳоро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифтанд ва баҳона пеш оварданд, ки духтарамон ҳоло хурд аст, ақаллан 18- сола шавад, баъд дар фикри ҷуфт кардани сараш меафтем. Азбаски Сорбон ҷавони зебои хушқаду қомат ва соҳибмаълумот буд, садҳо духтарони зебою ҳунарманд дар орзуи васлаш месӯхтанд. Одамоне буданд, ки “арӯс дар хонаи мо-дия” гӯён, духтарҳои худро пешниҳод намуданд, вале Сорбони вафодор ба ҷуз ман дигар номи ягон зебосанамро ҳатто шунидан намехост. Падару модараш дар муқобили ишқи поки писар ночор монда, маҷбур шуданд, ки тӯйро як сол қафо партоянд, вале...

Бибиам паи хостгоронро рӯфт

Ҳамин тавр аз байн як сол гузашту падару модари Сорбон боз кулчаю тӯша карда ба хонаи мо хостгорӣ омаданд. Маротибаи дуюм ҳам бибиам обро лой карда, иҷозат надод, ки волидонам маро ба дӯстдоштаам фотиҳа кунанд. Падару модари Сорбон сахт ранҷида, бо димоғи сӯхта ба хонаашон баргаштанд. Косаи сабрам лабрез гашту баъди рафтани меҳмонҳо ба модарам рӯ оварда гуфтам: “Сорбон бачаи бад нест, ман намефаҳмам чаро шумо хостгории онҳоро қабул кардан намехоҳед?”, модарам ҳанӯз лаб накушода, бибиам “вой шӯрам хушк шавад, шарм надошта гап задани ин тиррончака бинед! Наход духтар ҳамин қадар беҳаё шавад-а?! Илоҳӣ забонаки дарозата ғунда газад, бешарм!” гӯён, қиёматро қоим кард. Тоқатам тоқ шуд, ман ҳам паст наомада гуфтам:

-Медонам, ин ҳамааш кори шумо аст, агар шумо намебудед, ману Сорбон кайҳо тӯй мешудем. Ман намефаҳмам, барои чӣ шумо ҳамон бачаи бечораро ин қадар чашми дидан надоред? Магар вай ба шумо ягон бадӣ кардааст, ки сояи Сорбонро аз девор метарошед, бибиҷон?

Модаркалонам мисли Маршал-кампир ду дасташро ба миёнаш гузошта, як қошашро болою як қошашро поин карда дод зад:

-Ман ғами ин тирмизакро мехӯрам, ин каллакаду бошад, маро душман бароварда истодааст. Тамоми қишлоқ медонанд, ки дар хуни он авлод безурриётӣ вуҷуд дорад. Кадом падару модар дидаю дониста духтарашро ба як дагар дода, ҳаёти фарзандашро месӯзад-а?

Модаркалонам ин гапро дар чанд ҷойи дигар низ гуфта, таъкид кардааст, ки то рӯзе вай зинда аст, намегузорад, ки тӯй барпо шавад. “Бигзор ба бачаи безурриёташон аз ҷойи дигар арӯс кобанд” гуфтани бибиамро касе ба волидони Сорбон расондааст. Онҳо сахт хафа шуда дигар пою қадамашонро ба остонаи дари мо нагузоштанд.

Ҳамин тавр бибиам бо забони чун неши мор тезу заҳролудаш пою қадами хостгоронро аз погаҳи дарамон рӯфта, ба бахти мани дилдода зомин гашт.

Барои ошиқам аз Худо фарзанд металабам

Волидони Сорбон барқасди мо зеботарин духтари деҳаамонро келин карда, чунон тӯйи пурдабдаба оростанд, ки даҳони мардум воз монд. Дӯстдоштаамро бо либоси домодӣ дар бари духтари дигар дида, охирин шуълаи умед дар дилам мурд ва яхи навмедӣ тамоми вуҷудамро пӯшонд. Мани аз бахт бенасибмонда ба ҷуз гиряву нола ва ба тақдири талхам тан додан дигар чора надорам. Шабу рӯз гиря карда Худоро зорӣ мекунам, ки бар рағми бибии морзабони ман ҳарчи тезтар Сорбонро фарзанддор созад.

Мафтунаи навмед

 

Р/С

Қисса дар асоси саргузашти воқеӣ навишта шуда, қаҳрамони мо дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд зиндагӣ мекунад. Айни замон Мафтуна дар яке аз мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд таҳсил карда истодааст, бинобар ин, ба хотири латма ворид накардан ба обрӯи духтар мо номи ӯро тағйир додем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД