Инсон аз рӯзе, ки чашм ба даҳр мекушояд, дар ин дунё чун меҳмон ҳозир мешавад. Санаи 9 июни соли равон дар хонаводаи Асадуллоевҳо садои мотами хурду бузург баланд шуд. Касе касеро ба оғӯш намекашид. Қиёфаи аъзои ин хонадон маҳзун буду аз чашмонашон хун мечакид ва табассум бо лабонашон ҷангии 100 – сола шуда буд. Сутуни ин хонадон ва ин оилаи номдору сарбаланд ба таври абадӣ ин хонаводаро тарк карду кулбаро тимсоли мотамкада сохт.
Давоми ду ё се рӯзи охир бибӣ сахт нотоб буду аз саломатии хеш шиква мекард. Рӯз ба рӯз аҳволаш ваҳиму вазнин мешуд. Ба худ мепечиду бо дард панҷа нарм менамуд. Аъзои оила умед доштанд, ки бибӣ ҳанӯз нерӯманд аст ва ҳатман ба по мехезад, вале афсус ...
Натавонистем, ки дигар ӯро дар рӯи ҳавлӣ рост ба болои пои худ бубинем. Аслан, ӯро дидем, аммо дар тахти чӯбин ва хоб дар рахти фонӣ. Сухан намегуфт, ба суолҳо посух намедод, ба қиёфаи касе наменигарист, зеро чашмони шаҳлояш пӯшида буданду ёрои кушодашавӣ надоштанд.
Ҳеҷ кас ин фоҷиаро тааммул намекард. Пештар аз ин аҳли ин оилаи бузург паи кори худ буданду дарёфти ризқи ҳалол вазифаи ҳаррӯзаашон маҳсуб меёфт, аммо акнун касе дар ин бора намеандешид, зеро барои хайрбод бо бибии дӯстдошта омада буданд.
Бибии шодравон Мастурамоҳ Шарифова соли 1946 дар деҳаи Охтераки нохияи Ховалинг ба дунё омада, соли 2020 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ барои ҳамешагӣ ба хоб рафтанд. Давоми 74 соли умри пурбаракати хеш сохиби 12 фарзанд: 6 писару 6 духтар ва даҳҳо набераю абера шуданд. Бибӣ барои наберагон ҳам бобо буданду ҳам момо, чунки шавҳарашон Иброҳим Асадуллоев соли 2003 аз олам даргузаштанд.
Бибӣ дар зиндагӣ фарзандону наберагонро дар роҳи дурусти зиндагӣ тарбия намуданд, то дар оянда ҷойгохи худро дарёбанду номбардори ин оилаи бонуфуз гарданд. Бибӣ 18 ноябри соли 2009 бо ҳамроҳии писараш Султон ба зиёрати хонаи Худо рафта, 28 декабри ҳамон сол бо номи баланд ва пурифтихори ҳоҷӣ ба деҳа" баргаштанд.
Вақте ба вазъи сиҳатии бибӣ хатар таҳдид мекард ҳамаи пайвандон ба дидораш омада, дар паҳлӯяш нишастанд. Худи бибӣ чашм намекушод. Духтарон беовоз мегиристанду мардон хуни ҷигар мехӯрданд. Ҳар яке дар талоши харидани ҷони ҳоҷибибӣ буд.
Баъди чанд вақт садои доду ғирев баланд шуд. Банди дилам ларзиду давида аз хона ба берун баромадам ва рост ба назди падарам омадам. Қиблагоҳ дар болои кате, ки ҳамеша бибиам болояш босалобат менишаст, нишаста буду маҳзун – маҳзун ба атроф менигарист. Чун ба қиёфааш нигоҳ кардам дуди сиёҳи ғам рӯи чинҳояш ба чашмам расид. Оби чашмони зебояш чун наҳри бе сарбанд орому сокит ҷорӣ мешуд.
Пай бурдам, ки ӯ ба зӯр аз гиристан худдорӣ дорад Нахостам ба торҳои бирёни қалби ҳазинаш бештар аз ин нохун занаму дуди дили сӯхтаашро ба фалак дакка диҳам. Аз ин рӯ, оҳиста аз наздаш дур шудам.
Вақте бибиамонро ба саҳни ҳавлии хона оварданд, ҷигарбандон издиҳом гирифта, давра менишастанду интизори омадани меҳмони азизашон буданд, ки вопасин лазаҳоро дар ин кулбаи ғам сипарӣ мекард.
Бибиро дар миёни издиҳом хобониданд. Яке оча мегуфту дигаре хола каси дигар аммаву паҳлӯгӣ хамсоя, садои аппаву хоҳаргӯии занҳои ҳалқа ҷигарамро мехарошиду ҷӯйчаҳои ашки чашмонамро мекофт.
Хонандаи дардошнову розшунав ва маслиҳатдеҳи азизи “Оила”, ҳангоми навиштани ин номаи пурсӯз гиряи ғам гулӯямро гирифту ба худ гуфтам, ки чаро матни дурӯғ навишта истодаам?
Охир, бибиҷонам дар хона хоб асту ба ҳеҷ куҷо нарафтааст. Вале чун дари хонаашро кушодам, ҳушам ба сарам заду дарёфтам, ки аз ин фоиа осеби равонӣ дидаам ва ин хаёли зебо танҳо орзу мемонад минбаъд. Равонат шод боду қабрат пурнур ва ҷоят Фирдавси анбарин, бибии нозанинм.