Беҳтаринҳои соли 2021 тибқи назарсанҷии ду ҳафтаинаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сайти “Пресса тҷ” муайян карда шуд. Ду расона дар яқҷоягӣ ҳамасола барои муайян кардани 10 чеҳра аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронад.
Охири соли 2021 Раиси сол, вазири сол, хайрхоҳи сол, блогери сол, сарояндаи сол, соҳибкори сол, бонкири сол ва дар маҷмуъ даҳ чеҳра аз соҳаҳои гуногуни ҷомеа тариқи назарсанҷӣ муайян гардид.
Давоми ду ҳафта, ки афкори мардум дар бораи раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо ва умуман ашхоси маъруфи ҷомеа пурсида шуд, баҳсҳои шиддатноки хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj фазои маҷозиро гарм нигоҳ доштанд.
ВАЗИРИ СОЛ
Дар номинатсияи “Вазири сол”, ки яке аз бахшҳои пурбаҳси “Рейтинг – 2021” буд, чанд гардиш ба миён омад. Рақобати аслӣ миёни ду номзад — вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба мушоҳида расид. Гоҳ-гоҳе онҳо дар сабқат аз якдигар пешу қафо мегузаштанд. Баъзе респондентҳо ишора мекарданд, ки хонум Амонзода бояд дар “Рейтинг – 2021”ғолиб бошад, зеро ҳамчун як нафар зан кори вазнини роҳбариро ба зимма гирифтаву то ҷойи лозима фаъол ҳам ҳаст. Вале гуфтугузорҳо аслан атрофи номи Ҷамолиддин Абуллозода мечархиданд. Респондентҳо аз ӯ як нафари ҳирфаӣ, пуркор ва ботаҳаммул ном мебурданд, ки дар давраи ҳассоси коронавирус ба вазирӣ омадаву тавонист барои таъмини саломатии сокинони кишвар саҳм гузорад.
Ҳамин тариқ, дар ин бахши “Рейтинг – 2021” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода соҳиби 17386 овоз, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода — 12471, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир соҳиби 1558 овоз гардида, Ҷамолиддин Абдуллозода ғолиб дониста шуд.
РАИСИ СОЛ
Дар номинатсияи “Раиси сол” ҳам фаъолнокии овоздиҳандагон назаррас буд. Аслан, дар ин бахш се нафар раиси пешсаф дар сабқат қарор доштанд. Аммо таваҷҷуҳ ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси ҷавони навовару ободкор бештар буд. Респондентҳо ишора мекарданд, ки ӯ кам сухан мегӯяд ва худро дар амал нишон медиҳад. Дар атрофаш ҷавононеро ҷамъ овардааст, ки аз IT технологияи муосир бархӯрдоранд. Як дастоварди бузургаш бунёди командаи таҳсилдида, ҷӯянда, қолабшикан аст ва шаҳри Душанберо дар чанд соли охир ба яке аз шаҳрҳои зебову намунавии дунё табдил дод. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ чун нафари бунёдкор баҳогузорӣ гардид. Аз шеваи фаъолияти раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, хусусан саҳмаш дар муътадил сохтани нооромиҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ситоиш карда шуд.
Дар натиҷа, дар ин бахши рейтинг раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳиби 20136 овоз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода — 2330 овоз ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳиби 636 овоз гардида, Рустами Эмомалӣ ғолиб дониста шуд.
СОҲИБКОРИ СОЛ
Дар номинатсияи “Соҳибкори сол” се нафар соҳибкори ба қавли мардум “вазндор” рақобат карданд. Респондентҳо бизнес-тренер Саидмурод Давлатовро бо таъсиси мактаби замонавии Оксфорд дар вилояти Суғд ва баргузор намудани тренингҳо барои омодасозии соҳибкорони муваффақ ситоиш карданд. Директори корхонаи «Ғаюр семент» Акбар Ғуломов барои бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли семент ва аз вобастагӣ баровардани кишвар тавсиф шуд. Директори генералии “Авесто Гуруҳ” Муҳаммад Мирзо бошад, ҳамчун яке аз соҳибкорони муваффақ ва роҳандозӣ намудани насби таҷҳизоти муосири автобусу троллейбус барои истифодаи умум дар шаҳри Душанбе нақш дорад, лоиқи таҳсину офарин дониста шуд. Ҳатто нафаре дар шарҳи матлаб навишт, ки “ҳар се шоистаанд, интихоб душвор аст”.
Ҳамин тавр, дар бахши мазкури “Рейтинг – 2021” директори генералии “Авесто Гуруҳ” Муҳаммад Мирзо соҳиби 5629 овоз, бизнес-тренер Саидмурод Давлатов — 3550 ва Директори корхонаи «Ғаюр семент» Акбар Ғуломов соҳиби 2169 овоз гардида, Муҳаммад Мирзо ғолиб дониста шуд.
БОНКИРИ СОЛ
Дар номинатсияи “Бонкири сол” фаъолнокии респондентҳо муътадил ба мушоҳида расид. Дар майдони рақобат бошад, раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов ҷилва мекарданд. Овоздиҳандагон ба ин нукта ишора карданд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мардумӣ буд, вале дар замони раисии Сироҷиддин Икромӣ боз ҳам мардумитар шуд. Абдулло Қурбонов бошад, аслан барои он сазовори тавсиф гардид, ки моҳи майи соли 2021 шумораи мизоҷони фаъоли “Алиф Бонк” ба 500 000 нафар расид. Раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев ба хотири саҳми назаррасаш дар ворид намудани дигаргуниҳо дар фаъолияти ин ташкилоти хурди қарзии пешқадам мавриди шарҳу баҳогузориҳои мусбати респондентҳо қарор гирифт.
Дар умум, дар “Рейтинг – 2021” раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ соҳиби 10196 овоз, ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов — 4874 овоз ва раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев соҳиби 942 овоз гардида, Сироҷиддин Икромӣ ғолиб дониста шуд.
РЕКТОРИ СОЛ
Номинатсияи “Ректори сол” низ яке аз бахшҳои пурҳангомаву баҳсноки “Рейтинг – 2021” ба шумор мерафт. Хусусан, рақобати шадиди ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода боиси ба шабакаҳои иҷтимоӣ рехтани шарҳҳои беҳисобу баҳсноки корбарони интернет гардид. Бисёриҳо маҳбубияти Қобилҷон Хушвахтзодаро дар боло бурдани маоши устодону кормандони донишгоҳ, дастгирии донишҷӯён, озод кардан аз пардохти ҳақи хобгоҳ, сабукиҳо дар давраи пандемияи коронавирус диданд. Дар бораи Маҳмадшоҳ Гулзода бошад, гуфтанд, ки мавсуф дар баробари ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино будан, ҳамзамон, чун олим ва ҷарроҳи моҳир шинохта шудааст. Дар навбати худ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ чунин баҳо гирифт, ки тӯли фаъолияти хеш дар баробари тарбияи кадрҳои илмии таърихнигор, дар макотиби олии кишвар ба мустаҳкам кардани мавқеи он ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои квалификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантура саҳми арзанда дорад.
Дар “Рейтинг – 2021” ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода соҳиби 25371 овоз, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода — 9783 овоз ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ соҳиби 859 овоз гардида, Қобилҷон Хушвахтзода ғолиб дониста шуд.
ХАЙРХОҲИ СОЛ
Дар номинатсияи “Саховатпешаи сол” низ чеҳраҳое рақобат карданд, ки номашон дар саховатмандӣ машҳуру маълуми хосу ом аст. Шарҳҳои овоздиҳандагон ҳам дар бораи қаҳрамонҳои ин номинатсияи “Рейтинг – 2021” кироӣ буд. Кумаки соҳибкор Исмоили Муҳаммадзоир ба хонаводаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, аз ҷумла, ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёд шуд. Зиёд нафарон, аз ҷумла дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз саховатпешагии соҳибкор Раҳим Бобоҷонов ёдовар шуда, кумакҳои ӯро ба муҳоҷирон ва роҳ сохтанашро дар ноҳияҳои Варзобу Рашт зиёд тавсиф намуданд. Ба роҳбари ширкати “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов низ кафкӯбиҳои зиёди респондентҳо насиб гардид. Масалан, нафаре бо номи Қурбоналӣ дар Инстаграм навишт, ки “Маҳмудҷон Муродов хайрҳои бениҳоят калон мекунад. Ман дидам”.
Ниҳоят, дар ин номинатсияи “Рейтинг – 2021” соҳибкор Исмоили Муҳаммадзоир соҳиби 23416 овоз, соҳибкор Раҳим Бобоҷонов — 2434 овоз ва Маҳмудҷон Муродов соҳиби 717 овоз гардида, Исмоили Муҳаммадзоир ғолиб дониста шуд.
ВАРЗИШГАРИ СОЛ
Гумон мерафт, ки дар номинатсияи “Варзишгари сол” назар ба дигар бахшҳои “Рейтинг – 2021” баҳсҳо зиёдтар ва тезутунд мешаванд. Аммо, тавре мушоҳида нишон дод, дар ин бахш респондентҳо он қадар фаъол набуданд. Овоздиҳандагон бештар ба чемпиони ҷаҳон оид ба самбо шудани Акмалиддин Каримов дар соли 2021 таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар мавриди ҷудокори номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён бошад, аз соҳиби медали нуқра гардидани ӯ дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2021» ёдоварӣ шуд. Варзишгар дар риштаи муҳорибаҳои омехта Фаридун Одилов бо тахаллуси “Терминатор” бо ғолиб омаданаш бар варзишгари испанӣ дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи «Eagle» FC 43 (Маскав) мавзӯи шарҳҳои овоздиҳандагон буд.
Ҳамин тариқ, дар бахши мазкури “Рейтинг – 2021”Акмалиддин Каримов соҳиби 2708 овоз, Комроншоҳи Устопириён — 2606 овоз, Фаридун Одилов соҳиби 1117 овоз гардида, Акмалиддин Каримов ғолиб дониста шуд.
БЛОГЕРИ СОЛ
Дар номинатсияи “Блогери сол”, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи бештари мардумро ҷалб кардааст, рақобат муътадил буд. Дар ин бахш қисми бештари респондентҳо майл ба навиштани шарҳҳо дар бораи Солеҳин — муаллифи барномаи хайриявии “Saliheen” намуданд. Шояд омил низ ин буд, ки дар ин барнома як ҷавон бо ниқоб, дар як даст ҷузвдону дар дасти дигар мактуб, назди дарвозаи хонаи мардум рафта, онҳоро ҳамагӣ дар чанд дақиқа хушҳол мекунад. Бунёдгузори “Авлод медиа” Беҳрӯз Набиев ҳам, ки мардум ӯро бештар бо номи Барон мешиносанд, ба хотири саҳифаҳои худ дар YouTube ва Instagram, ки аз маъруфтарин блогҳо дар фазои маҷозӣ ба ҳисоб рафта, YouTube-аш дорои 531 ҳазор ва Instagram-аш соҳиби 775 ҳазор обуначӣ мебошад, мавриди шарҳу овоздиҳии респондентҳо қарор гирифт. Ба бунёдгузори “Битва блогеров” Илҳом Фозилов бошад, чунин бартарият дода шуд, ки дар видеоҳояш ҳамеша калимаи “тоҷик”-ро бештар истифода мебарад ва онро бо ифтихор мегӯяд.
Ҳамин тавр, дар ин бахш муаллифи барномаи хайриявии “Saliheen” Солеҳин соҳиби 3699 овоз, бунёдгузори “Авлод медиа” Беҳрӯз Набиев — 1295 овоз ва бунёдгузори “Битва блогеров” Илҳом Фозилов соҳиби 178 овоз гардида, Солеҳин ғолиб дониста шуд.
ЧЕҲРАИ СОЛ
Яке аз дигар номинатсияҳои пурбаҳсу пуршарҳу пуровоза бахши “Чеҳраи сол” буд. Дар ин бахш чеҳраҳое рақобат карданд, ки воқеан, бахусус дар соли 2021 фаъолиятҳои пурсарусадо доштанд. Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин, ки Русияро соли 2021 дар озмуни “Евровидения-2021” бо суруди “Russian Woman” (“Зани рус”) муаррифӣ карду ба даҳгонаи аввал роҳ ёфт, мавриди таваҷҷуҳи бештари респондентҳо қарор гирифт. Варзишгарони навъи ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ — бародарон Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо, ки яке нуҳ ва дигаре ҳашт сол доранду 95 нишони тиллову 20 камарбанди қаҳрамонӣ ба даст оварда, бо истеъдоди фавқулоддаи худ дунёро ба ҳайрат гузоштаанд, респондентҳоро низ дар ҳайрат гузоштанд. Овозхон ва блогер Абдурозиқ Игамов низ, ки 18-сола аст, вале зоҳиран кӯдаки 6-8-соларо мемонад, аз назари овоздиҳандагон дур намонд.
Ҳамин тавр, дар бахши мазкури рейтинг сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин соҳиби 3612 овоз, бародарон Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо — 3071 овоз ва Абдурозиқ Игамов соҳиби 2149 овоз гардида, Манижа Сангин ғолиб дониста шуд.
САРОЯНДАИ СОЛ
Дар номинатсияи “Сароядаи сол” рақобати ҷиддӣ асосан миёни ду нафар овозхон — Ҷонибек Муродов ва Мубориз Усмонов сурат гирифт. Мухлисони ҳар яки онҳо кӯшиш мекарданд, то ҳунарманди писандидаашон овозҳои бештарро ба даст орад. Гоҳ Ҷонибек пештоз мешуд, гоҳ Мубориз. Вале, ахиран Мубориз дар мубориза аз Ҷонибек қафо монд. Ишораву шарҳҳое низ буданд, ки таронаҳои дар соли 2021 сароидаи Ҷонибек Муродов — “Худо ҳаст”, “Бо ҳам” ва “Хеле” лоиқи баҳои баланданд. Дар мавриди Мубориз Усмонов бошад, мухлисонаш аз консерти яккаи ӯ охири соли гузашта дар шаҳри Маскави Русия ёдовар шуданд. Овозхон Сафармуҳаммад Рустам низ соли гузашта консерти аввалин ва яккаи худро дар шаҳри Маскави Русия барпо карда буд, ки ин аз назари респондентҳо ҳангоми овоздиҳӣ дур намонд.
Ниҳоят, овозхон Ҷонибек Муродов соҳиби 3453 овоз, Мубориз Усмонов — 2931 овоз ва Сафармуҳаммад Рустам соҳиби 505 овоз гардида, Ҷонибек Муродов ғолиб дониста шуд.
“Тоҷикистон”, Pressa.tj