Sebiston new 2024 october
Беҳтарин “Оши палав” муайян гардид
465

 

 

Дар Фестивали "Оши палав", ки ошпазҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон иштирок намуда,  ҳунари худро пешниҳоди шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ гардониданд, ҳамчун оши палави беҳтарин ошпазҳои шаҳри Роғун, Данғара, Шаҳринав, Ҳисор, Ҳамадонӣ, Муминобод, Кушониён, Сангвор, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Дшанбе, Хуҷанд, Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

photo_2023-09-14_17-02-11

 Ин нуқта дар чорабинии имрӯза, ки дар боғи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, қайд карда шуд.

Ҳамчунин,  иштирокчиён аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо диплому ифтихорномаҳо ва  туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.   

photo_2023-09-14_17-02-06

photo_2023-09-14_17-02-02

Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири Тоҷикистон дар оғози чорабини меҳмонону иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки дар доираи баргузории САМИТ-и панҷуми давлатҳои Осиёи Марказӣ, 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал, иди тарбузу харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гашт.

photo_2023-09-14_17-01-58

photo_2023-09-14_17-01-54

Ҳамчунин, дар чорабинӣ хӯрокҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ омода ва ба намоиш гузошта шуданд.

photo_2023-09-14_17-01-47

 

photo_2023-09-14_17-01-44

Дар баробари омода намудани хӯрокҳои миллӣ, ҳамчунин, ба намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби намояндагони кишварҳои Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон сурат гирифт.  

photo_2023-09-14_17-01-44

photo_2023-09-14_17-01-37

photo_2023-09-14_17-01-33

Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур аз 9 –уми сентябр то 14-уми сентябр идома ёфта, ба шаҳрвандон маҳсулоти аввалия бо нархҳои дастрас аз ҷониби кишоварзони Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД