Sebiston new 2024 october
Беҳтарин либоси кӯдакона барои сайругашт дар тирамоҳ
548


Дар ҳавои тоза сайругашт кардан барои кӯдакон ниҳоят фоиданок аст, аммо аксари модарон “ҳаво хунук аст”гуфта, тамоми либоси дохили ҷевонро ба тани кӯдак мепӯшонанд, ки ин чандон дуруст нест.

Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи либоси тирамоҳии кӯдакона барои сайругашт намудан ба шумо каме маълумот диҳем.

Натарсед, кӯдак аз либоси тунук пӯшидан зуком намешавад, балки аз гармои зиёд ва арақ кардани бадан, яъне тағйири ҳарорати бадан ба бемориҳои мавсимӣ гирифтор мешавад. Беҳтараш ба кӯдак ихтиёр диҳед, ки либосашро худаш интихоб кунад. Ин озодӣ ба фарзанди шумо мустақил буданро ёд медиҳад.
Зуком ва бемории пайдарҳам метавонад кӯдаконро ба минингит гирифтор созад, аммо ин беморӣ тамоман ба либос дахл надорад. Дар фасли тирамоҳ бе кӯлоҳ гаштан на он қадар хуб аст, вале ин сабаби ба минингит гирифтор гаштани кӯдак шуда наметавонад. Албата дар рӯзҳои сард кӯлоҳ пӯшидан лозим аст, аммо бемории минингит вирусӣ аст ва ҳангоми паҳн шуданаш муҳим нест, ки дар сар чӣ ҳаст.

Ҳангоми сайругашт кӯдак аз либоси тунук на он қадар хунук мехӯрад, ба шарте сайругашт ҷолиб бошад. Шумо ба кӯдакатон чанд қабат либос пӯшонда ба кӯча бароред ва худатон бо дугонаатон чақ-чақ карда нишинед, ҳам кудак дилтанг мешавад ва ҳам хунук мехӯрад. Барои он ки вақти кӯдак хуш шавад ва ҳамзамон хунук нахӯрад, ҳангоми гаштугузор ҳамроҳаш давутоз карда, ба ягон бозӣ машғул шавед.
Мубодилаи моддаҳо дар ҷисми кӯдакон аз одамони калонсол фарқ мекунад. Мубодилаи моддаҳо вақти гарм шудани ҷисм фаъолтар мешавад, дар кӯдакон бошад, ин гармӣ аз меъёр андаке зиёд аст. Маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷое, ки калонсолон хунук мехӯранд, кӯдакон аслан сардиро ҳис намекунанд. Ҷойи намнок, вале гарм бошад, барои кӯдакон нороҳаткунанда аст, зеро ҷисмашон аз ҳад зиёд гарм мешавад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД