Беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияи Деваштич мумфарш карда шуд
164

Дар ноҳияи Деваштич ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллӣ ҳамвор ва мумфарш гардонида шуданд.

То имрӯз дар 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ мумфарш гардида, вазъи роҳу нақлиёт назар ба солҳои пеш чанд маротиба беҳтар шудааст.

Дар ҷамоати шаҳраки Ғончӣ мумфаршкунии роҳҳои калони нақлиётгард идома дорад. Паҳноии роҳ 6 метр ва дарозиаш зиёда аз 1000 метрро ташкил дода, ҳаҷми умумии маблағи сарфшуда қариб 1 миллион сомониро дар бар мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД