Номи Беҳрӯз Набиев, продюссер ва репсаройи машҳури тоҷик, ки бештар бо тахаллуси Барон машҳур аст, рӯзҳои охир ҳамеша дар сархати хабарҳо қарор дорад. Моҷарояш бо Абдурозиқ ҳафтаи гузашта Баронро ба қаҳрамони асосии Ютуб, Инстаграм ва дигар шабакаҳои миҷтимоӣ табдил дода буд. Ҳамкории ин ду чеҳраи намоёни шу-бизнеси тоҷик баъди сафари Абдурозиқ ба Дубай якбора қатъ гашта, сару садоҳои зиёдеро дар байни мухлисон ба бор овард. Сароғоз Барон Абдурозиқро ба хиёнаткорӣ гунаҳкор карда гуфт, барои як хона шуда, ӯ бародаронашро фурӯхт, вале Абдурозиқ низ дар ҷавоб хомӯш нанишаста, Баронро дар хӯрдани пулҳояш муттаҳам намуд.
Ҳамин тавр байни ин ду ситораи шоу-бизнес, ки зоҳиран ба назар мисли ду бардари ҷонӣ менамуданд, кашмакашу моҷаро оғоз ёфта, мухлисонашон низ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Бархе Адбурозиқро кӯрнамак ва носипс мехонданду иддаи дигар баръакс аз ин ҷавони хурдҷусса ҷонибдрӣ карда мегуфтанд Барон дар ҳаққи Абдурозиқ қабр карда, муддати тӯлонӣ ӯро ба манфиати худ истифода бурдааст. Табиист, ки ин ҳама гапу калоча ва шӯру шар ба асаби одам бе таъсир намемонад, вале Барон тавонист баъди моҷарои шадид бо Абдурозиқ ба зудӣ ба худ омада, дубора аз паси эҷод шавад.
Имрӯз Беҳрӯз Набиев дар саҳифаи инстаграмаш аз навигарии ҳаёти хеш хабар дода, таъкид кардааст, ки бори дуюм соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин репсарои сол” гашт.
Лозим ба ёдоварист, ки Барон репи охирини худро бо номи “НАДОРАМ АЛАМ” сабт ва пешкаши ҳаводоронаш гардонидааст.
“Баъди қариб як сол акнун ба корҳои шахсии худам бармегардам ва аз паи эҷодиёти нав мешавам,”-иқрор шудааст Барон.
Дар охир Беҳрӯз Набиев аз ҳаводоронаш барои дастгирии маънавӣ изҳори сипос намуда, мегӯяд:
"Ҳазор раҳмат ҳаматонда барои иқадар дастгиритон! И уже дуюм солай, ки сазовори ҳами ҷоиза шидестам! Ҳамаш бо дастгирии шумо! Ҳаракатора аку сахттар мекнем!”