Офтоби тирамоҳ охирин нурҳояшро ғундошта ба сӯи уфуқ ғуруб мекард. Шамоли сарду хунуки пойиз баргҳои хазонгаштаи дарахтонро мерӯфт. Рӯйи хараки лаби ҷӯй писарбачаи 13-14 солае нишаста, хомӯшу бесадо ашк мерехт. Падарандараш боз ба ӯ дарафтоду вай ба кӯча гурехт.
Аз пагоҳӣ Усмон ба ширфурӯшӣ рафта, то ҳол чизе нахӯрда буд. Нигоҳи маҳзуни ӯ лаҳзае ба сӯи куҳҳои баланд дӯхта шуданд. Ба ёдаш омад, ки субҳгоҳон модараш ба кисабағали ӯ бурдаи ноне монда буд. Усмон нонро гирифта ҳарисона бӯй кашид. Ба машомаш бӯи гандумзорон расид. Беихтиёр рӯзҳои гузашта чун навори кино аз пеши чашмаш гузаштанд.
Модараш баъди аз падараш ҷудо шудан ба як марди бадгуҳари дағал ба шавҳар баромад. Аз рӯзи аввал падараш Усмонро чашми дидан накард. Баҳудаву беҳуда ӯро лату кӯб мекард ва дашном медод.
Усмон гоҳо ба хонаи падараш мерафт, вале дар он ҷо ҳам рӯйи хуш намедид. Зани нави падараш ӯро ба хона роҳ намедод. Боре то торикӣ бо бачаҳои ҳамсоя футболбозӣ карданду шом Усмон ба хонаи падараш рафт, то шабро саҳар кунад. Моиндараш дарро кушода сар то пойи ӯро аз назар гузаронду бо қошу қавоқи овезон, тамасхуромез пурсид:
-Ҳа, чӣ мегӯӣ? Боз пайдо шудӣ, гули шому саҳар?!
Усмон боодобона салом дода гуфт:
-Ҳамин ҷо хоб кунам, мумкин аст?
-Не, мумкин нест,- дод зад зани падараш ва афзуд:
-Дафъ шав аз ин ҷо, сағераи дайду!
Падараш дар пушти занаш истода дуздида-дуздида ба Усмон менигарист, вале ҷуръате накард, ки лом гӯяд.
Писарак гӯё куҳеро ба шонаҳояш бор карда бошанд, озурдаву парешон ба ошёнаи сеюм фаромад. Ҷӯрааш ба зудӣ дарро кушода ӯро ба хонаашон даровард ва дастурхон ороста барои Усмон хӯрок овард, аммо дили ӯ накашид.
Ҳамон шаб вай то саҳар бо алам гирист, талх гирист, бесадо гирист ва ҳамин хел гурусна хобаш бурд.
Субҳ барвақт аз хоб хеста роҳи хонаашонро пеш гирифт. Акнун ӯ ҳар пагоҳӣ ба шаҳр шир мебурд ва то пешин ширҳояшро фурӯхта, пулашро оварда ба модараш медод. Модараш ҳоли зори Усмонро дида дарун-дарун месӯхт, аммо илоҷ надошт.
Риштаи хаёлоти Усмонро садои модараш бурид:
-Усмон, бачекам, дар ин торикӣ чӣ мекобӣ? Биё, хона даро!
Модар дасти Усмонро гирифта ба хона даровард ва як коса пиёба оварда ба пешаш гузошту гуфт:
-Гир бачекам, зиқ нашав, чӣ кор кунам, аз дасти ман чӣ меояд?!
Вай ашкҳои ба рухсорааш ҷорӣ шударо бо алам пок карду ба нуқтаи номаълуме дида дӯхт.
Усмон хӯрокашро хӯрд ва ба ҷойгаҳаш даромада хоб рафт. Пагоҳӣ модараш ӯро бедор кард:
-Хез бачем, тезтар ширҳоро бурда фурӯхта биё!
Усмон шаб хоби парешоне дида, дилаш мағшуш буд. Вай хам шуда зарфҳои пурширро бардошту то пеши дар рафт. Аз чӣ бошад, ки дилаш аз пешомади талхе гувоҳӣ медод. Усмон баргашта ба кафо нигарист, вале модарашро надид.
Вай вазнин-вазнин қадам партофта ба кӯча баромад. Ҳаво сард буд. Дар кӯча ҷонзоде наменамуд. Писарак роҳро убур карда, хост тезтар ба шаҳр расад. Дар байни дашти холиву бекас баногаҳ ба тарафи Усмон сагҳои дайду давиданд. Писарак дод зад, фарёд зад, аммо дар гирду гӯша касе набуд.
Сагҳо ба писарак ҳамла карданд…
Усмон аз маҷол рафта охирин қувваи худро ҷамъ кард ва фарёд зад:
-«Оча-а-а, оча ҷо –о-о-н…»
Рӯзи дигар ҷасади Усмонро ба хок супориданд. Ҷӯраҳояш ин хабарро шунида ба ёди ин зиндаятими ҷавонмаргашон ашк рехтанд, вале ба хонаи падари Усмон, ки сабабгори асосии ин фоҷиа буд, фотиҳахонӣ надаромаданд…