Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ фаъолияти худро моҳи октябри соли 2019 оғоз намуд. Яке аз вазифаҳои асосии ин лоиҳа назорати рафти табобати беморони силкасал мебошад.
Табобат ва дастгирӣ
Бемор Б.А., 55-сола буда, аз ҷониби лоиҳаи мазкур таҳти назорати ихтиёрӣ (волонтёр) Алиева Муҳайё қарор дода шудааст. Номбурда аз моҳи майи соли 2019 бо табобат фаро гирифта шуда, фармудаҳои табибонро ҷиддан риоя мекунад, вале мушкилоти табобати ӯ дар он аст, ки бар замми сил, Б.А., боз гирифтори диабети қанд низ ҳаст. Санаи 20-уми июли соли ҷорӣ ҳолати ин бемор яку якбора бад шуд. Муҳайё дарҳол ба табиби минтақавӣ хабар дод.
Пас аз муоинаи табиб Б.А.-ро дар диспансери вилоятии зидди бемориҳои сил (Деҳмой) муддати 2 ҳафта бистарӣ карданд. Баъди аз беморхона баромадани Б.А., Муҳайё аз ҳоли ӯ пайваста бохабар шуда меистод. Боре номбурдаро дар ҳолати яъсу ноумедӣ дида, сабаб пурсид. Тавре маълум шуд, Б.А., дар як ташкилоти масолеҳи сохтмонӣ фаъолият мекардааст, ки имкони ба ӯ рухсатии бемории тӯлонӣ доданро надорад, ҳол он ки мард соҳиби 5 фарзанд буда, онҳоро бояд таъмин намояд. Муҳайё дар ин бора ба роҳнамои лоиҳа Алиматова Меҳрӣ хабар дод. Алиматова ба Б.А., кӯмаки худро пешниҳод намуд. Ҳамин тавр бо мусоидати Алиматова Меҳрӣ бемор Б.А., ҳуҷҷатҳои лозимаро омода намуда, барои гирифтани нафақапулӣ дархост дод. Алиматова тамоми ҳуҷҷатҳоро ба комиссияи экспертии тиббӣ ва меҳнатии ш. Хуҷанд пешниҳод намуд ва масъалаи бо нафақа таъмин шудани Аламшо тасдиқ гардид.Саҳми волонтёрон дар табобати беморонМ.А., 55 сол дорад ва собиқ маҳбус мебошад. Ӯ баъди 15 соли маҳбас, моҳи январи соли 2020 ба озодӣ баромад. Чор сол қабл, ҳангоми дар маҳбас қарор доштанаш М. А. аз бемории сил табобат гирифта, пурра аз як шакли ҳассоси сил шифо ёфта буд. Охири моҳи март, аввали моҳи апрел ихтиёрӣ Ҳакимова Назира ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сил ва коронавирус пайхас намуд, ки яке аз иштирокчиён, ки маҳз М.А., буд, аломатҳои шубҳанок дорад. Дарҳол бо номбурда алоҳида сӯҳбат гузаронида, ӯро барои аз ташхис гузаштан водор кард. Дар аввал М.А., аз ташхис саркашӣ намуда, исрор менамуд, ки аз табобат гузашта, пурра шифо ёфтааст, вале баъдан аз ташхис гузашт ва маълум шуд, ки дар ҳақиқат беморияш аз нав хуруҷ кардааст. М.А., аз ин хабар ғамгин шуда бошад ҳам, аз Назира барои бодиққат ва нисбати кори худ масъулиятнок буданаш миннатдор шуд. Айни замон, М.А., дар маркази табобатии бемориҳои сили ноҳиявӣ ба қайд гирифта шуда, барои табобат ба маркази ноҳиявии бемориҳои сил равона карда шудааст. Назира ҳамарӯза ӯро хабар гирифта, реҷаи қабули дорувориҳояшро назорат мекунад ва дар ҳолати зарурӣ ба бемор кӯмаки равонӣ мерасонад.
Назира, дар навбати худ, аз он шод аст, ки волонтёри Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани сил дар Осиёи Марказӣ шуда, сари вақт ин бемориро муайян кард ва мувофиқан, дар бартарафсозии бемории сил дар минтақаи худ ва дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон саҳми муносиб гузошт.
Натиҷаи кори яксолаи лоиҳа
Дар давоми як соли фаъолият 100 нафар ихтиёриён аз аҳволи 26631 хонавода (141423 нафар), аз ҷумла 1596 оила (7960 нафар) нафарони гирифтори силкасал бохабар шуда, барои сари вақт муайян намудани бемории сил ва баланд бардоштани иттилоотнокии мардум оиди беморӣ чораандешӣ намуданд. Бо шарофати ҳамин, сари вақт беморони нишонаҳояшон ба COVID-19 ва силкасал монандбуда муайян ва ба беморхонаҳо равона шуданд.
Дар муддати як соли амалисозии лоиҳа 100 нафар волонтёр аз ҳоли 26631 оилаҳои гирифторони силкасал (дар ин оилаҳо 141423 зиндагӣ мекунанд) бохабар шуданд. Дар маҷмӯъ 9129 нафар барои ташхиси сил муоина карда шуданд, ки аз онҳо 874 нафар мавриди гумонбар ба сил дониста шуд. Дар байни 819 нафаре, ки муоина карда шуданд, 41 нафар гирифторони бемории сил тасдиқ карда шуданд, ки аз онҳо 3 нафар табобати сил гирифта, 36 нафар бо бемори сил алоқаи наздик доштанд ва 2 нафар аз оилаҳои муҳоҷирон буданд; ҳамаи онҳо ба қайд гирифта шуда, барои табобат фаро гирифта шуданд.Ин фаъолиятҳо барои сари вақт муайян намудани одамоне, ки нишонаҳои ба COVID-19 ва ҳам бемории шабеҳ доранд, мусоидат мекунад. Саҳми ихтиёриёнАз оғози лоиҳа 36 ихтиёриён масъулияти назорати ҳаррӯзаи табобати 53 бемори мутобиқгаштаи силро бар дӯш доранд. Айни замон, 45 ихтиёриёни USAID ETICA ҳар рӯз ба назди 50 нафар шахсони гирифтори сил мераванд (як нафар фавтид, 5 нафар табобатро ба анҷом расониданд; + 3 нафар аз ташхис гузашта, ҳамчун беморони мутобиқгаштаи сил дониста шуданд.)Волонтёрон назорат мебаранд, ки беморони мутобиқгаштаи сил бо миқдори зарурии дорувориҳои зидди сил таъмин бошанд, реҷаи муқарраршудаи доруҳоро риоя кунанд ва маҷмӯаи хӯрокворӣ гиранд.Дар доираи ҳамкорӣ бо ВАО вобаста ба вазъияти COVID-19, гурӯҳи лоиҳа бо иштироки полиси давлатӣ дар ноҳияҳои озмоишӣ 28 чорабинӣ гузаронд. Ихтиёриёни USAID ETICA бо полиси нақлиётии ноҳия ҳамкорӣ намуда, дар кӯчаҳо сайр карданд ва эълонҳои марбут ба чораҳои пешгирикунандаи COVID-19-ро бо истифодаи мегафонҳои мошинҳо тавзеҳ доданд.Эълонҳо тақрибан 234 333 нафарро ташкил доданд. Ғайр аз эълони ВАО, ихтиёриёни USAID ETICA барои омӯхтани ҷомеаҳои маҳаллӣ дар бораи чораҳои пешгирикунандаи коронавирус ба назди 10907 нафар ташриф оварданд. Ҳангоми ташрифҳо тақрибан 104.849 аъзои ҷомеа ба қайд гирифта шуданд.