ЗППП гуфта, бемориҳои венерикии сироятиеро дар назар доранд, ки асосан бо воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд. Сифилис, хламидиоз ва папилломавирус аз зумраи чунин бемориҳо мебошанд. Дар 80%-и ҳолатҳо ин бемориҳо баъди машғул шудан ба алоқаи ҷинсӣ бо шахси тасодуфӣ, соддатар карда гӯем, бар асари занбозию духтарбозӣ дар мардон пайдо мешаванд.
Нишонаҳои аввалини гирифтор шудан ба бемориҳои венерикӣ инҳоянд:
• Пайдо шудани сӯзиш, хориш ва нороҳатӣ дар увзҳои мардона.
• Пайдо шудани доначаҳо ва захмҳо.
• Рафтани ташарруҳот ё зардоб аз узв.
• Пайдо шудани доғҳои ба карами ранга монанд.
• Сурхшавии пӯст.
Бо эҳсос кардани нишонаҳои зикршуда ҳатман ба табибони ин соҳа муроҷиат намудан лозим аст, чунки дар сурати табобат накардани бемориҳои венерикӣ ин касалиҳо мардонро ба бисёр мушкилиҳои дигар гирифтор гардонида метавонанд.