Дар вилояти Самараи Русия вазъи ногувори эпидимологӣ ба миён омада, табибон аз паҳншавии бемории сироятии гулафшон дар ташвишанд.
Ба хотири пешгирии ин беморӣ имрӯзҳо тамоми сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Самара кору фаъолият менамоянд, ба таври ҳатмӣ эмгузаронӣ карда мешаванд.
Светлана Архипова, сардухтури маркази санитарию эпидемологии вилоят бо мақсади пешгирии паҳншавии бошиддати ин бемории сироятӣ ҳуҷҷатеро ба имзо расонидаааст, ки тибқи он сокинони маҳаллӣ ва шахсони хориҷие, ки дар Самар кору зиндагӣ мекунанду воксинаи зидди гулафшонро нагирифтаанд, бояд ҳатман ба таври фаврӣ эмгузаронӣ карда шаванд.
“Таъкид шудааст, ки соли 2021 ин ифексия дар минтақа тамоман вуҷуд надошт, вале дар чанд рӯзи охир шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор шуда истодаанд, ки ин аз паҳншавии бошиддати гулафшон дарак медиҳад”-навиштааст Sputnik.
Архипова аз роҳбарияти вилоят хоҳиш кардааст, ки барои харидорӣ намудани воксинаҳои зидди ин беморӣ маблағ ҷудо намоянд.
Ёдрас мешавем, ки гулафшон бемории сироятӣ буда, ба зудӣ аз шахси бемор ба одамони солими дар атрофаш буда сироят карда метавонад. Табби баланд , яъне то 38-40 дараҷа расидани ҳарорати бадан, гум шудани иштиҳо, беҳолию бемадорӣ ва дарди мушшаку устухонҳо аз зумраи нишонаҳои аввалини беморӣ буда, баъдан дар бадани мариз доначаҳои сурхаки зиёде медаманд.
Аслан ба бемории сироятии гулафшон бештар кӯдакон гирифтор мешаванд, вале нисбат ба калонсолон онҳо ин бемориро осонтар паси сар мекунанд. Танҳо барои кӯдакони то 1-сола ин беморӣ хатарнок ба шумор меравад.
Дар одамони калонсон гулафшон ба сахтӣ мегузарад, аз ҳамин хотир дар Самара ба тамоми шахсоне, ки аз ин бемории хавфноки сироятӣ эмгузаронӣ карда нашудаанд, аз ҷумла ба муҳоҷирони меҳнатӣ низ воксина гузаронида мешавад. Шахсони эмшуда бемориро нисбатан осгонтар паси сар мекунанд.
Дар сурати табобат накардан бемории сироятии гулафшон метавонад оқибатҳои нохушро ба бор оварда, касро ба пневмания, энцефалит, гайморит, отит, эпилепсия гирифтор созад ва ҳатто кар ё кӯр кунад.