1xbet
Беморие, ки аз оббозӣ пайдо мешавад
07.07.2025
Oila.tj
103

Албатта тобистонро бе оббозӣ тасаввур кардан душвор аст, вале дар ин кор низ бояд хеле эҳтиёт шуд, то ба саломатии худ зиён нарасонем, зеро баъзе бемориҳое ҳастанд, ки маҳз аз оббозӣ пайдо мешаванд.

Аз ҷумла бемории аэроотит асосан дар дӯстдорони оббозӣ мушоҳида карда мешавад. Сабаб дар он аст, ки андаке шамолхӯрию зукоми сабук ё ба даруни ҳавзи об паридан боиси аз роҳи ҳалқу бинӣ ба гӯш ворид шудани инфексия мегардад.

Нишонаҳои аввалини беморӣ шунавоии паст, пайдо шудани садо дар гӯшҳо ва сихзании пардаи гӯш мебошад.

Дар сурати мушоҳида намудани ин беморӣ дар худ ё фарзандонатон ҳатман ба табибон муроҷиат намоед, зеро дар сурати бепарвоӣ нисбат ба ин беморӣ шунавоии инсон паст гашта метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД