Салом! Мехоҳам дар як масъалаи муҳим машварати ҳуқуқӣ бигирам. Кас бе гирифтани забонхат ба нафаре қарз дода бошад ва қарздор пулро баргардонидан нахоҳад, оё метавонад ба суд муроҷиат намуда, бо шаҳодати шоҳидон пулашро рӯёнида гирад ё бе забонхат суд ин масъаларо ҳал намекунад?
Маҳваш, н. Рашт
Посух:
- Шумо метавонед тибқи талаботи моддаи 888-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогӣ навишта, ба суд муроҷиат намоед. Дар рафти мурофиа суд ҳама тарафҳои масъаларо месанҷад, баёноти шахси қарздор ва шоҳидонро гирифта, баъд хулосаи ниҳоӣ мебарорад.